Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 000 $ - барои як санги варзишӣ. Серияи дувум


Ҳангомаи харидуфурӯши сангҳои варзишии солхти замони Шӯравӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ кӯчидааст. Дар Интернет барои як гиряи чӯянӣ то 10 000 доллар пешниҳод мекунанд.

Дар сомонаҳои эълонҳо ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои як санги варзишии чӯянии сохти замони Шӯравӣ то 10 000 доллар пешниҳод мекунанд. Як нафар дар Қазоқистон ҳатто гуфтааст, ки дар ивази чунин гиря омода ҳаст, хонаашро дар наздикии Остона бидиҳад.

Баъди нашри чунин эълонҳо дар Қазоқистон ҳангома ба по шууда, бисёриҳо барои харидани сангҳои варзишӣ ба мағозаҳои варзишӣ рехтанд. Мураббии як фитнесс-клуб дар шаҳри Оқтави Қазоқистон ба шабакаи КТК гуфтааст, бархе харидорон омода буданд, барои як чунин санги чӯянӣ то 700 доллар бидиҳанд. Дар вилояти Мангистауи Қазоқистон мавридҳои аз манзили мардум дуздидани сангҳои варзишӣ сабт шуда, пулис дар ин робита парвандаи ҷиноӣ кушодааст ва дузд ё дуздонро ҷустуҷӯ мекунад.

Дар Қирғизистон васвасаи гиряхариву гиряфурӯшӣ ҳанӯз танҳо дар ҳоли авҷ гирифтан будааст ва бино ба гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ, дар инҷо барои як санги варзишӣ феълан танҳо то 100 доллар пешниҳод мекунанд.

Ин ҳама ҳангома дар ҳолест, ки пайдо кардани ҳатто як нафаре, ки аз фурӯхтани чунин гиря пули хуб кор карда бошад, амри муҳол аст. Аммо Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ моломоли эълонҳо дар бораи азми харидани ин навъи сангҳои варзишианд.

Мояи ин ҳангома овозаест, ки гӯё дар бархе гиряҳои сохти Шӯравӣ металҳои қиматбаҳо вуҷуд доранд. Касе намедонад, ки дар пушти ин фиреби аср кӣ истодааст. Матбуоти маҳаллӣ бар ин аст, ки ин як навъи “муосир”-и қаллобиҳои қадимист.

Дар моҳи январ дар бораи айни васвасаи харидуфурӯши гиряҳои сохти Шӯравӣ аз Тоҷикистон гузориш шуда буд. Дар Тоҷикистон хоҳишмандони харидории сангҳои варзишӣ як навъи хоси онро ҷустуҷӯ мекарданд. Фурӯшандаи як мағозаи молҳои варзишӣ дар маркази Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вақтҳои охир ҳамин сангҳои таги кулӯла доштаашро мепурсанд. Намедонам, барои чӣ даркор аст, аммо 10-20 кас дар як рӯз даромада мепурсанд. Бар ивази чунин санг то 1000 доллар пул пешниҳод мекунанд.”

Бархе аз онҳое, ки ба хариду фурӯши ин санг машғуланд, бо бовар мегӯянд, як навъи ин санг, ки ҳамагӣ як бор дар заводи Тулаи Русия истеҳсол шудааст, дар таркибаш як метали гаронарзиш доранд ва он бо нархи калон харидорӣ шуда, ба берун бурда мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи як мураббии тоҷик, “гиря як асбоби маъмулии варзишӣ аст ва сирф аз чӯян сохта мешавад. Варзишгарон вобаста ба малакаашон бо сангҳои навъи аз 8 то 32- килограммӣ тамрин мекунанд. Зоҳиран ин санг ба ҷуз шакли давраияш аз сангҳои дигари варзишӣ фарқе надорад.”

Хабарнигорони Озодӣ дар нақши соҳиби санг ба яке аз харидорон занг заданд. Ин харидор гуфт: “Дигар намудаш намешавад, ҳамоне, ки дар замин мехобонӣ, рост меистад, мисли матрёшкаҳои русӣ. Рангаш сиёҳ аст, мумкин зери чангу хок монда, рангаш дигар шуда бошад, аммо зераш тухмшакл бошад бояд. Агар чизи даркории мо бошад, аз 50 ҳазор сомон бештар дода мехарем. Мо миёнарав нестем, бо одамҳое, ки ин сангро мегиранд, кор мекунем. Дар Тоҷикистон истифода бурда намешавад. На материали ӯ, на металаш даркор нест, чунки мо коркарду технологияашро надорем.”

Дар Тоҷикистон бисёриҳо инро як ҳангома медонанд ва ба қаллобиҳое, чун “мӯҳрабизнес”-и “Ҷамол-компания” шабеҳ мекунанд. Вале бархе иддао мекунанд, ки аз фурӯши гиряи солҳои сол дар хона бекор хобидаашон то 2000 доллар ва ҳатто бештар аз он фоида ба даст овардаанд.

Ҷомеашиносон сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин бӯҳрону вазъи нохуби молиро як омили таваҷҷӯҳи зиёди мардум ба ин овоза ва тиҷорати хеле монанд ба қаллобӣ медонанд.

Бобохон Сангов, дабири кулли Федеросиюни вазнабардории Тоҷикистон, ки чанд даҳсола боз бо ин навъи сангҳо сару кор дорад, мегӯяд, бисёриҳо занг зада, аз ӯ ҳам дар бораи гиряи якбора гаронбаҳоуда мепурсанд, вале ӯ дар тӯли 50 соли фаъолияташ боре ҳам чунин сангро вонахӯрдааст.

Як санги чӯянӣ - 50 000 сомонӣ?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00

XS
SM
MD
LG