Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи орд пас аз "ҷаҳиши бесобиқа" рӯ ба коҳиш овард


Қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди даҳ дарсад коҳиш ёфтааст.

Тоҷирон мегӯянд, аз ду рӯз ба ин сӯ воридоти орд аз Қазоқистон ба Тоҷикистон афзуда, ҳоло қимати як халта орди 50 - килоии навъи олӣ аз 180 сомонии қаблӣ ба 160 сомонӣ поён омадааст. Ба қавли онҳо, эҳтимол дорад поёнравии орд идома пайдо карда, қимати як халта орд то 140 сомонӣ бирасад.

Дар ҳамин ҳол вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири поён бурдани қимати орд дар кишвар, аз сӯи ин ниҳод тадобире рӯи даст гирифта шудааст. Бино ба иттилои ин манбаъ, як ҳайати ҳукуматӣ дар Қазоқистон дар пайи гуфтушунид бо ҷониби Қазоқистон ба тавофуқ расидааст, ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2013, солона воридоти гандум аз ин кишвар то 1 миллион тонна афзоиш ёбад.

Парвози нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон оғоз ёфта буд. Дар ҳоле, ки қимати як халта орди 50-килои навъи олӣ моҳи август дар пойтахт 135 сомониро ташкил медод, дар авоили моҳи сентябр қимати он ба 148 сомонӣ дакка хӯрд ва дар арафаи Иди Қурбон он ба нархи 180 сомонӣ дастрас мешуд. Тоҷирон он замон иллати болоравии баҳои орд дар бозорҳои Тоҷикистонро аз таъсири бозори Қазоқистон вобаста медонистанд.

Тоҷикистон солона ба тақрибан 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад, ки танҳо зери 1 миллионаш аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Душанбе боқии эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад, ки тақрибан 95 дарсадаш аз Қазоқистон аст.

Соли гузашта, барои мисол, ба Тоҷикистон аз Қазоқистон 438 000 тонна фақат гандум ворид шудааст. Бино ба оморҳо, ҳар моҳ ба ин кишвар аз Қазоқистон 28 000 тонна орду 37 000 тонна гандум ворид мешавад.

Қазоқистон соли гузашта зери 25 миллион тонна гандум ҷамъ оварда буд, ки ҳосили бесобиқа буд. Аммо вазорати кишоварзии Қазоқистон ба иллати хушксолӣ ҷамъи ҳосили имсолаи гандумро зери 13 миллион тонна тахмин мезанад.

Ҳамчунин Қазоқистон боҷи содиротиро барои орду гандум 15 дарсад боло бурдааст, ки он низ ба қимати орду гандум таъсир кардааст. Бино ба иттилои кумитаи омор, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 470 ҳазор тонна гандум ва 232 ҳазор тонна орд ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG