Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаромадани сел дар ноҳияи Дарвоз маҷрои рӯди Панҷ -- яке аз бузургтарин дарёҳои Осиёи Марказиро барои чанд дақиқа баст.

Фаромадани сел аз кӯҳпораҳои вулусволии Шикайи Дарвози Афғонистон дар байни деҳаҳои Ширговад ва Ёгеди ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, маҷрои дарёи Панҷро барои чанд дақиқа баст.

Як масъули ҳукумати ноҳияи Дарвоз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сел аз тарафи деҳаи Дуихои вулусволии Шикайи Дарвози Афғонистон соати 18:45-и рӯзи ҷумъа сарозер шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, сел ҳоло рахна хӯрдааст, вале сарбанд комилан канда нашуда ва шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб-Хоруғ дар ин мавзеъ дар масофаи 250 метр зери об мондааст.

Ба гуфтаи манбаъ, сатҳи дарёи Панҷ дар ин мавзеъ то 5 метр баланд шудааст. Гуфта мешавад, ки сел чанд манзили сокинони деҳаи Дуихои ҷониби Афғонистонро комилан аз байн бурдааст.

Дар ҳоли ҳозир садҳо тан аз бошандагони деҳаҳои Ёгед, Шикев, Сангевн, Пунишор, Нулванд, Жак, Марғ, Хостав ва Зиғар, ки дар поёноби ҷои ҳодиса ба сар мебаранд, аз тарафи масъулони Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар Дарвоз огоҳонида шудаанд, ки шабро дар мавзеъҳои бехавфтар сипарӣ кунанд.

Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ҳамакнун дар ин минтақа зери об мондааст ва ҳаракати нақлиёт дар ин масир номумкин шудааст. Ба дунболи ин ҳодиса, ҳоло сафар ба Душанбе аз Бадахшон танҳо тариқи ағбаи Хобурубот имконпазир аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG