Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи омадани сел дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент се нафар ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, инчунин, боришоти зиёд ва шамоли сахт қисме аз заминҳои кишту манзили сокинонро хароб кардаанд.

Сели рӯзи 9 май дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд бар замми харобкориҳояш се кушта барҷой гузоштааст.

Масъулони ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд рӯзи 10 май ба Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи омадани сел дар рустои Ревади ноҳияи Айнӣ модару писар – Лола Туйғуноваи 41-сола ва Исмат Рустамови 18-сола ва дар Панҷакент Тошбой Хуҷамқулови 56-сола ба ҳалокат расидаанд.

Суҳроб Маҳмудов, як мақоми ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд, гуфт, ин сел соатҳои панҷи баъд аз зуҳри 9 май омадааст. "Ҷасади Исмат Рустамовро сокинони деҳа баъд аз тахминан ду соати ҷустуҷӯ пайдо карданд. Ҷисми беҷони Лола Туйғунова баъд аз кофтукоби тӯлонӣ субҳи 10 май аз ҷониби дастаи наҷотдиҳии ситоди ҳолатҳои фавқулода пайдо шуда ва ба наздиконаш супурда шуд," – гуфт ӯ.

Ба қавли Суҳроб Маҳмудов, зоҳиран Лола Туйғунова ва писараш аз чарои ҳайвоноти хонагӣ бармегаштаанд, ки сел онҳо ва ҳудуди 40 сар гову буз ва гӯсфандашонро низ бо худ бурдааст.

Ҳамин манбаъ гуфт, аз борони шадид бегоҳи 9 май ба сойи Зебони деҳаи Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент низ сел омада, Тошбой Хуҷамқуловро бурдааст. Ҷасади Хуҷамқуловро аҳолии деҳа субҳи 10 май пайдо кардаанд.

Ситоди ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд мегӯяд, ки бегоҳи рӯзи 9 май боришоти шадид ва шамолҳои сахт қисмати умдаи шимоли Тоҷикистонро фаро гирифта, вале сел асосан дар ноҳияҳои Айниву Панҷакент омадааст. ​Садриқул Шербутаев, раиси идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ, низ рӯзи 10 май ба Озодӣ гуфт, сел роҳи мошингардро хароб карда ва рафтуомад ба маркази ноҳияи Айнӣ қатъ шудааст. "Феълан кормандони Идораи роҳсозӣ барои боз кардани роҳи мошингарди деҳа ба маркази ноҳия талош карда истодаанд," - гуфт ӯ.

Бино ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, даҳҳо хонаи сокинон, мактабу бемористон ва иншооти дигари ҷамъиятӣ ва садҳо гектар заминҳои кишт аз боришоти шадид, жола, селшӯӣ, афтиши дарахтон бар болои бомҳо пурра ё қисман хароб шудаанд. Ҳукумати Суғд барои муайян кардани миқдори зарари воридшуда ва бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ ситоди махсуси иборат аз масъулони идораву ниҳодҳоро таъсис додааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамила Байдуллоева, корманди масъули Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 10 май ба Озодӣ гуфт, дар ду рӯзи оянда дар манотиқи мухталифи кишвар боришоти зиёд ва тундбод пешгӯӣ шудааст. Тибқи ин пешгӯӣ, бар асари борандагии шадид сатҳи оби дарёҳои Кофарниҳон, Варзоб, Хингоб, Яхсу ва Қизилсу боло хоҳад рафта ва зер об мондани манозили сокинону майдонҳои кишт вуҷуд дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG