Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Селу жолаи шадиди шоми ҷумъа як пулро дар ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент пурра ва ду купруки дигарро қисман хароб кардааст.

Селу жолаи шадиди шоми ҷумъа, 13 май бори дигар ба ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент асобат карда, боиси пурра тахриб шудани як пул ва қисман хароб шудани ду купруки дигар шудааст.

Раззоқ Баҳриддинов, раиси ҷамоати Ёрӣ рӯзи 14 май дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин лаҳза ӯ назди купруки мавзеи Дашти нав қарор дорад: “Дирӯз тарафҳои шом чунон жолае зад, ки заминро ягон 14-15 сантиметр сап-сафед карда, пӯшонд. Дар пайи жола аз сойи Испедоҷ, сойи Хоҷа Ҳалоӣ, сойи Мингдона ва сойи Зиддӣ сели сахт омад. Дар натиҷаи ин офати табиӣ купруки Дашти нав пурра аз байн рафт. Купруки Мингдона ва пули тарафи деҳаи Зиддӣ қисман хароб шуданд, инҷо сел як пушти купрукҳоро канда бурд. Ин ду купрук истодаанд, вале пушти ҳардуро сел кандааст. Купрукҳои тахрибшуда ҳарсе бо оҳану бетон сохта шуда буданд.”

Раззоқ Баҳриддинов гуфт, купруки Зиддиро мардум тоза як сол пеш бо роҳи ҳашар аз бетон сохта буданд. Раиси ҷамоат афзуд, дар ҳоли ҳозир, ҳаракати нақлиёт ба тарафи Мингдона ва Зиддӣ, воқеъ дар тақрибан 35-километрии маркази Панҷакент, пурра қатъ шудааст: “Сокинони ин ду деҳа баъ ди канда шудани купрукҳо дар инзивоъ мондаанд. Имкони гузаштан ба ин тарафро надоранд. Аз ин тараф низ ҳанӯз имкони расондани кумак ба осебдидаҳо вуҷуд надорад.”

Ба гуфтаи Раззоқ Баҳриддинов, шоҳидон ба коми сел рафтани чанд гови мардумро ҳам дидаанд, вале ҳанӯз дақиқ ҳисобукитоб нашудааст, ки ин офати табиӣ мушаххасан чанд сар чорвои мардумро бурду хароҷоти барқарор кардани купрукҳои тахрибшуда чӣ қадарро ташкил хоҳад дод. Ӯ афзуд, ки дар ҳар сурат, барқарор кардани ин купрукҳо берун аз тавони буҷаи ҷамоати Ёрист: “Дар вақташ худи мардум ин купрукҳоро ба тариқи ҳашар сохта буданд. Вале ҳоло барои барқарор кардани онҳо аз марказ дархости кумак мекунем. Мардум ҳам ҳатман ҳамдастӣ мекунганд, вале маълум аст, ки танҳо бо қувваи ҷамоат ва мардум ин се купрукро наметавонем барқарор кунем.”

Ин алакай дувумин мавриди селҳои харобиовар танҳо дар ҳудуди ҷамоати Ёрии Панҷакент дар ҳафтаи ҷорист. Дар байни ин ҳафта селхезии шадид чанд манзилро дар рустои Даштии Қозии ин ҷамоат низ тахриб кард. Раззоқ Баҳриддинов, раиси ҷамоати Ёрӣ гуфт, ба мардуми осебдидаи Дашти Қозӣ алакай барои як ҳафта ёриҳои башарӣ расонда шудаанд ва кумиссиюни вижае, ки аз маркази Панҷакент ва вилояти Суғд ба ин минтақаи селзада омад, алакай 6 хонаводаи зарардидаро сабт ҳам кард: “Бино ба хулосаи онҳо, манзилҳои 4 хонаводаро пурра, яъне 10 фоиз тахрибшуда ҳисоб карданд ва ду манзили дигарро – 50 фоиз зарардида. Акнун ба ин хонаводаҳо барои барқарор кардани хоҷагиҳояшон бояд аз ҳисоби давлат ёрӣ расонда шавад.”

Бар асари сели шаби 9 май дар Панҷакент Фарҳод Сангинов, сокини деҳаи Шинг зери санг монда ба ҳалокат расид.

Тақрибан як ҳафта боз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба боришоти шадиди селу жола ва ҳамлаҳои сел рӯбарӯ шудаанд. Сели шаби 11 ба 12 май аз ҷумла як қитъаи роҳро дар минтақаи Гулдара (Девдараи собиқ)-и ноҳияи Дарвоз тахриб карда, боиси қатъи ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ, муҳимтарин масири иртибот байни марказ ва ҷанубу шарқи Тоҷикистон шуд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода рӯзи 12 май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар минтақаи Тавилдара низ дар чандин қитъаҳо сел омада ва ҳаракати нақлиёт ба самти Бадахшонро аз тариқи ағбаи Хобуработ – як масири алтернативии иртибот байни марказ ва шарқи кишвар номумкин кардаанд.

Мақомоти идораи роҳсозии ноҳияи Дарвоз рӯзи 14 май ба Озодӣ гуфтанд, ки қитъаи харобшудаи роҳ дар Гулдара барқарор шуда ва аввалин мошинҳо соати даҳи шаби 13 май аз Бадахшон ба тарафи Душанбе ва аз самти Душанбе ба сӯи Бадахшон ҳаракат кардаанд.

Шаби 11 ба 12 май дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон бино бар боронгариҳои сахт садҳо манзили маскунии сокинон тахриб шуд. Танҳо дар дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ 1146 манзили истиқоматӣ осеб дидааст.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон барои рӯзҳои аз 10 то 15 майи соли ҷорӣ дар бештари манотиқи кишвар боришоти шадид, жола, раъду барқ ва дар манотиқи кӯҳистонӣ омадани сел ва фаромадани сангрезаю ярчро пешбинӣ мекунад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ин давра аз сафар ба манотиқи осебпазир ва хафвнок ҳадалимкон худдорӣ кунанд. Ориф Нозимов, сухангӯи ин кумита гуфтааст, обу ҳавои номусоид дар Тоҷикистон барои рӯзҳои 15-18 май низ пешбинӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG