Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Борону жола ҷодаҳоро баст


Акс аз сафҳаи фейсбуки Акмал Давлатмиров.

Акс аз сафҳаи фейсбуки Акмал Давлатмиров.

Нимаи дувуми рӯзи шанбе дар пойтахти Тоҷикистон борони сахт ва жола борид ва дар бархе аз қисматҳои шаҳр ба ҳаракати сокинон ва нақлиёт, мушкил эҷод кард.

Баъд аз зӯҳри шанбеи 9-уми апрел дар шаҳри Душанбе борон шадид ва жола борид. Резиши зиёди борон обпартовҳои канори ҷодаҳоро пур кард ва дар бархе аз қисматҳои шаҳр, об ба рӯи кӯчаҳо баромад ва ба ҳаракати сокинон ва нақлиёт монеа эҷод намуд.

Ҷамъшавии беш аз ҳадди об аз ҷумла дар зери пули маҳаллаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба мушоҳида расид, ки барои соатҳо рафтуомади нақлиётро дар ин масир номумкин гардонд.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки чанде аз нақлиёти мусофиркаш бо мусофиронашон дар об банд монданд ва бо кӯмаки техникаи наҷотбахши бахши коммунналии шаҳри Душанбе, берун оварда шуданд.

Ин дар ҳолест, ки Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон аз боронгариҳои шадид дар рӯзҳои оянда хабар додааст. Ба иттилои ин марказ, рӯзҳои душанбе ва сешанбеи оянда дар кишвар борони шадид борида ва эҳтимоли боридани жола вуҷуд дорад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Шаҳлои Абдулло, пас аз чанд лаҳзаи обхезӣ ба маҳалли ҳодиса дар пули назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рафт ва ин наворҳоро бо худ овард, ки дар зер метавонед онро тамошо кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG