Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боришоти шадиди се рӯзи охир боиси омадани селу лойоби зиёд дар нуқоти шимол ва ҷануби Тоҷикистон шудааст. Сокинони водии Зарафшон, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Дарвоз вазъи маҳалли зисти худро бо аксҳо бозгӯ мекунанд.

Шаби гузашта бар асари боронгариҳои шадид ва омадани сел, 1146 манзили истиқоматӣ дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ осеб дидааст.

Шаби гузашта бар асари боришоти зиёд сатҳи дарёчаи Элок боло рафта ва дар деҳаҳои Адолат, Садоқат, Файзоба, Комсомол-1 ва Комсомол-2-и ҷамоати деҳоти Зайнабододи ноҳияи Рӯдакӣ ба беш аз ҳазор хонаи истиқоматӣ осеб ворид шудааст.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 12 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир гурӯҳи наҷоти ин кумита, ситоди оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе, гурӯҳи наҷот ва дастаи зудамали шаҳри Душанбе, ҳамзамон сарбозони қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар гарнизони Душанбе, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, ба ин маҳал сафарбар шудаанд.

Бино ба иттилои ахири дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, гурӯҳи наҷоти ин кумита тавонистааст то ба ҳол беш аз 1500 нафар аз сокинони деҳаҳои осебдидаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакиро аз минтақаи хавфнок берун биёрад.

Насриддин Холов, як сокини ин маҳал тавассути телефон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки аз субҳ то ба ҳол аз се деҳаи осебдида тавассути мошинҳои боркаши "Камаз" занону кӯдаконро берун овардаанд.

Тибқи иттилои муқаддамотӣ, дар миёни сокинон талафоти ҷонӣ сабт нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки бар асари ин ҳодиса, имкони талафи чорвои хонаводаҳо ва зери обу лой мондани майдони кишти сокинон, вуҷуд дорад.

Ҳамзамон ҷаноби Нозимов гуфт, ки дар манотиқи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Файзобод, Ҳисор, Шаҳристон ва Панҷакент низ боришоти аз меъёр зиёд сурат гирифта ва селхезӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла дар ноҳияи Панҷакент шомгоҳи рӯзи 11-уми май аз сангрезӣ бар асари боришоти шадид, як сокин ба ҳалокат расидааст.

Панҷакент: як нафар кушта шуд, рафъи оқибатҳо идома дорад

Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Панҷакент ба радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ин ноҳия як сокини маҳаллӣ қурбони офатҳои табиӣ шуд. Ба иттилои расмӣ, Фарҳод Сангинов, аз сокини деҳаи Шинг зери санг монда ба ҳалокат расидааст. Рӯзи 9 май шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд шоҳиди боронгариҳои шадид ва омадани сел шуд. Ба иттилои Луқмонҷон Қурбонов, сардабири нашрияи “Зарафшон” дар шаҳри Панҷакент, бештар аз ҳама деҳоти Шӯрча, Савр, Наврӯзтеппаи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, маҳаллаҳои Сои Мисрак, Зардолузор, Қайнари шаҳри Панҷакент, деҳаҳои Шашқати Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, Дашти Қозӣ, Киштудаки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, Ҷамоатҳои деҳоти Амондара, Лоиқ Шералӣ зиён дидаанд.

Варзишгоҳи марказии Панҷакент

Варзишгоҳи марказии Панҷакент

Дар лаҳзаҳои аввали пас аз сар задани офат ба ҳар кадоми 313 оилаи осебдида - 50 кг орд ва 5 кг равған тақсим карда шуд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ва мақомоти дигари маҳаллӣ барои муқобила бо оқибатҳои офати табиӣ ва наҷоти мардум, инчунин поккории кӯчаву хиёбонҳо сафарбар шудаанд. Дар давоми ду рӯзи пас аз омадани сел фаъолияти шабакаҳои барқу обрасонӣ ва алоқа пурра барқарор шудааст, роҳҳои протоколӣ, кӯчаҳои шаҳр аз лойоб пурра тоза карда шуданд. Дар варзишгоҳи марказии шаҳр бошад корҳои баровардани лойоб идома доранд.

Мадми Айнӣ бо паёмадҳои сел муқобила мекунад

Аз рӯи иттилои сокинони маҳаллӣ, ки бо радиои Озодӣ дар тамос ва акси деҳаи Мадми ҷамоати Урметанро фиристоданд, бар асари боронҳои рӯзҳои 9 ва 10 май кӯчаву хиёбон ва ҳам манзили сокинон зиёни зиёд дидаанд. Сокинон аз корношоям шудани заминҳои кишоварзӣ, ҷӯйборҳо, роҳҳо ва кӯпрукҳое, ки русторо бо маркази ноҳия ва ҷумҳурӣ пайваст

Рустои Мадми ноҳияи Айнӣ

Рустои Мадми ноҳияи Айнӣ

мекунанд, хабар медиҳанд. Ҳаракати мошинҳо манъ шудааст. Рӯзи 11 ​май раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода аз деҳоти офатзада дидор карда ба сокинони маҳаллӣ ваъда додааст, ки барои сохтмони кӯпруки нави мошингузари деҳаи Мадм кумак мекунад.

Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон, шаби гузашта бар асари боридани борон ва омадани сел, дар деҳаи Зинги ин ноҳия се хонаи истиқоматӣ комилан тахриб шуда ва ба чанд манзили дигар зарар ворид шудааст. Ҳамчунин даҳҳо чорвои калону хурди сокинони ин деҳа талаф шудаанд.

СЕЛ ДАР ДЕҲАИ ЗИНГИ НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Ин дар ҳолест, ки бино ба пешгӯии Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар назар аст дар рӯзҳои аз 10 то 15 майи соли ҷорӣ дар бештари манотиқи кишвар борандагии шадид, жола, раъду барқ, дар манотиқи кӯҳистонӣ омадани сел ва фаромадани сангрезаю ярч рух диҳад.

Аз ин лиҳоз, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, дар ин давра аз сафар ба манотиқи осебпазир ва хавфнок худдорӣ кунанд. Зимнан, шаби 9 май бар асари ҷорӣ шудани сел дар навоҳии Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд се нафар кушта шуда ва ба иқтисоди ин ноҳияҳо хисороти ҷиддӣ ворид шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG