Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари боронгарӣ ва омадани сел дар ноҳияҳои Ҷилликӯл,Вахш, Қубодиён ва Хуросони Хатлон манзилҳои зист, се мактаби миёна ва даҳҳо гектар замини кишт зарар дидаанд.

Бар асари боронгариҳои рӯзҳои ахир, ба манзилҳои зист, макотиби таҳсилоти миёни ва заминҳои кишт дар вилояти Хатлон, зиён ворид шудааст.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 12 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нимаи дувуми рӯзи душанбе бар асари борони пуршиддат дар деҳаи Бӯстони ҷамоати Деҳқонободи Ҷилликӯл ба 11 манзили зист обу лой даромада, шароити зиндагӣ дар ин манзилҳоро мушкил кардааст. Инчунин, мактабҳои рақами 29, 27 ва 35-и ҳамин ноҳияро лойу гил зер кардааст.

Оқои Нозимов дар идома гуфт, дар 80-километрии ноҳияи Қубодиён низ селоб ба 300 гектар замини кишт зарари ҷиддӣ расондааст. Дар ноҳияи Хуросон манзили зисти сокини Қизилқалъа Сулаймонқул Алимев комилан хароб шуда, имкони зиндагӣ дар он вуҷуд надоштааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ки бар асари боронгарии шадид талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва феълан комиссияи вилоятии ҳолатҳои изтирорӣ ҳамроҳ бо масъулони ноҳияҳо зарари расидаро мушаххас мекунанд.

АКСҲО АЗ ОБХЕЗӢ ДАР ҶАМОАТИ РӮДАКИИ НОҲИЯИ ВАХШ

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG