Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Флеш-моб: "Зайд Саидовро озод кунед!"


Гурӯҳе аз ҷонибдорони Зайд Саидов, ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, бо баргузории як флеш-моб дар шаҳри Душанбе, хостори озодии ӯ шуданд.

Дар робита ба 100-умин рӯзи дар боздошт ба сар бурдани Зайд Саидов наздик ба 50 тан аз ҷонибдорони ӯ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аъзои гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» дар боми Маҷмаи тиҷоратии «Пойтахт» ҳамоиши рамзие ташкил карданд. Ширкаткунандагони ин ҳамоиш акси бузурги Зайд Саидовро ба пуфакҳо баста ҳамроҳи 100 кабутари сафед ба ҳаво сар доданд.

Мавҷуда Соҳибназарова, узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» мегӯяд, ин ҳамоиш танҳо ҳадафҳои сулхоҳона дорад: «Мо ҳеҷ касро ба ягон митингу гирдиҳамоӣ ва ҷангу бетартибӣ даъват накардем. Як гурӯҳ одамон бо хоҳиши худашон ҷамъ омаданд ва мо кабутарҳоро, ки рамзи сулҳу дустӣ ва озодӣ аст озод карда ба ҳаво сар додем».

Хонум Соҳибназарова афзуд, ки ҳамаи ширкаткунандагони ин маҳфил бо ихтиёри худ ба маҳалли ҳамоиш омаданд.

Маҳмудҷон Қосимов, узви дигари гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» мегӯяд, ҳадаф аз ин иқдом ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қазияи Зайд Саидов аст. Ҷаноби Қосимов аз ҷараёни тафтиши парвандаи Зайд Саидов шикоят карда ба унвони мисол гуфт бо вуҷуди дархостҳои пайдарпайи вакилони дифоъ дар нисбати иттиҳоми «таҷовуз ба номус», ташхиси ДНК гузаронида нашуд: «Аз ҳама муҳим тақдири инсон аст. Мо бар онем, ки қазияи Зайд Саидов аз рӯи принсипҳои ҳақиқату адолатӣ судӣ баррасӣ шавад. Ташхиси ДНК дар он кунҷи дунё ҳам, ки мебуд бояд гузаронида мешуд».

Зайд Саидов аз 19-уми майи соли ҷорӣ ба ин тараф дар боздошт аст ва мутмаин мебошад, ки ин иттиҳомот ҳама ангезаи сиёсӣ дошта посух ба нияташ оиди таъсиси як ҳизби мухолифи давлат аст.

Флешмоб калимаи англисӣ буда, маънои «ҳамоиши лаҳзаина»-ро дорад. Ширкатдорони флешмоб - мобберҳо ҷамъ меоянд, лаҳзае ба ҳар навъ эътирози худро баён мекунанду мераванд ва амалашонро сари мизе дар ягон тарабхона ё ошхонаи сарироҳӣ баррасӣ менамоянд.

Фарқи флешмоб аз дигар ҳамоишҳо ин аст, ки он тариқи торнамоҳо ва махсусан шабкаҳои иҷтимоӣ раҳандозӣ карда мешавад ва ширкат дар он ихтиёрист. Ҷомеашиносон ширкаткунандагони флешмобро “издиҳоми оқил” меноманд. Чунки онҳо ҳамоишҳоро ихтиёран ташкил карда, аз дохил худро танзим мекунанд.

XS
SM
MD
LG