Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон пули 10 000 сомро ба муомилот мебарорад


Бонки марказии Узбакистон мегӯяд, ба зудӣ пули коғазии 10 ҳазор сомро ба муомилот ворид мекунад, то пардохти ҳаррӯза осон шавад. Як сухангӯи бонк рӯзи 21 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, вакилони Узбакистон ду рӯз пеш қарори ба муомилот ворид кардани пули калонтарини коғазиро тасвиб карданд. Пули нав бар асоси қурби муайянкардаи Бонки марказӣ баробар ба 3 доллари амрикоист. Дар бозори сиёҳ ин пул 1 доллару 60 сентро ташкил хоҳад дод. Дар ҳоли ҳозир пули калонтарин дар Узбакистон 5 ҳазор сом аст, ки моҳи июли соли 2012 ба муолиот бароварда шуда буд.

XS
SM
MD
LG