Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Бошқирдистон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии камарбандии ҷаҳон дар шаҳри Салавати Бошқирдистони Русия панҷ медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ бо ширкати беш аз 250 варзишгар аз 25 кишвар аз рӯи услуби озод ва классикӣ миёни мардон дар 7 вазн (62, 68, 75, 82, 90, 100, +100 кг) ва байни занон дар 5 вазн (52, 58, 66, 76, +76 кг) баргузор шуд.

Дар ҳарду навъи рақобатҳо (озод ва классикӣ) паҳлавонони тоҷик - Маҳмад Миров дар вазни то 100 кг ва Хуршед Шарифов дар вазни то 90 кг ҷойҳои севумро соҳиб шуда, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Умедбек Тошмуродов аз рӯи услуби озод дар вазни то 100 кг ҷойи севумро касб карда, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия, ки аз ҷумла 18 медали тилло ба даст овард, ғолиб гардид. Дастаи Туркманистон , ки минҷумла як медали тилло гирифт, дувум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 медали биринҷӣ ҷойи севумро азони худ кард.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ рӯзи 19-уми ноябр Сафар Тошмуродов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии камарбандии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “мо ҳоло ба Ҷоми ҷаҳонии гуштии камарбандӣ, ки моҳи декабр дар Русия баргузор мешавад, омодагӣ мебинем. Инчунин мунтахаби Тоҷикистон моҳи декабр дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Кеши Эрон баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.”

Ёдовар мешавем, паҳлавони тоҷик Маҳмад Миров соли 2011 дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии камарбандии ҷаҳон, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, барои Тоҷикистон аввалин медали тилло оварда буд.
XS
SM
MD
LG