Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ муҳоҷири бандмонда дар марзи Украина раҳо шудаанд


Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, 5 муҳоҷири бандмонда дар марзи Русия бо Украинаро берун кашидааст ва онҳо ба Душанбе хоҳанд рафт. Муҳоҷирон барои нақзи қоидаи будубош дар Русия ба ин ҳол афтодаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълон кард, панҷ муҳоҷири дармондаи тоҷик дар марзи Русия бо Украинаро берун кашидааст. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат, рӯзи 4 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод ҳоло дар фурудгоҳи шаҳри Ростови лаби Дон ва мунтазири парвоз ба Душанбе ҳастанд.

Ба қавли Эгамзод, берун кашидани ин муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марзи Украина бо ёрии мақомоти вазорати умури хориҷии Русия имконпазир шудааст.

Номи 5 муҳоҷири раҳошудаи тоҷик:

1. Сангов Фирӯз Комилович (05.06.1977)

2. Бобохонов Абдулҳомид Тӯрдиқулович (20.02.1971)

3. Ёров Фирӯзҷон Ғолибович (04.05.1985)

4. Ярқулов Икромҷон Тулаганович (06.10.1991)

5. Хайдаров Чорӣ Бахтиёрович (17.11.1989)

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин муҳоҷирон барои қонунӣ кардани будубоши худ дар ин кишвар ба Украина рафта, аммо ҳангоми бозгашт дар марз дармондаанд. "Ба далели он ки қоидаҳои будубош дар Русияро нақз кардаанд, мақомоти ин кишвар ба онҳо иҷоза надодаанд, то дубора вориди Русия шаванд,"-гуфт Муҳаммади Эгамзод.

Ин шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи чоруми апрел аз марзи Русия бо Украина берун омада, ба шаҳри Ростов рафтаанд. "Онҳо соати даҳи имшаб ба Душанбе парвоз хоҳанд кард. Бо мақсади пешвоз ва гусел намудани шаҳрвандон атташеи сафорат Абдураҳимов А.А. ба шаҳри Ростов сафарбар карда шуд. Номбурда шаҳрвандонро дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии (КПП) "Новошахтински"-и шаҳри Ростов пешвоз гирифта, онҳоро то фурудгоҳи шаҳри Ростов ҳамроҳӣ намуд. Айни замон онҳо дар фурудгоҳ интизори парвози ҳавопаймо мебошанд,"-афзуд сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

Охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар пайи ба иҷро даромадани қонуни нави муҳоҷирати Русия марзи ин кишварро гузашта ба Украина рафтанд ва баъдан дар минёи обу оташ монданд. Он вақт Фаридун Зуҳуров, яке аз муҳоҷирон, ки дар Погарск - посгоҳи марзии миёни Русияву Украина дармонда буд, гуфт, шумораи онҳо ба бештар аз 3 ҳазор нафар мерасад.

Ба қавли ин муҳоҷири тоҷик, онҳо мехостанд дар корти муҳоҷиратии худ дар бораи берун рафтан аз марзи Русия мӯҳр бигиранд ва дубора ба қаламрави Русия баргарданд, то бар асоси ин мӯҳр ба онҳо патенти нав дода шавад.

XS
SM
MD
LG