Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як даъвои дигар алайҳи Доналд Трамп


Ҷессика Дрейк, ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ, ба гурӯҳи заноне пайваст, ки Доналд Трамп – номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми президенти Амрикоро ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам мекунанд. Дрейк рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон Трампро "зидди зан" ва "музоҳими ҷинсӣ" хонд. То кунун ба камияш даҳ зан Трампро ба озори ҷинсӣ муттаҳам кардаанд. Доналд Трамп ҳамаи ин иттиҳомро рад кардааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ эълон кардааст, пас аз поёни интихобот тамоми ин занони даъвогарро ба додгоҳ хоҳад кашонд. Трамп гуфтааст, расонаҳо барои латма задан ба имиҷаш дар интихобот иддаоҳо алайҳи ӯро ба таври васеъ бозтоб медиҳанд. Интихоботи президентии Амрико рӯзи 8 ноябр баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG