Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар сонеҳаи Подмосковйе


акс аз бойгонӣ гирифта шудааст
акс аз бойгонӣ гирифта шудааст

Дар натиҷаи бархӯрди се мошин дар як вақт, панҷ мусофири микроавтобуси “Газел” ба ҳалокат расиданд.

Дар як сонеҳаи автомобилие шоми 6 сентябр дар километри шашуми шоҳроҳи А-107 дар наздикии рустои Никулинои минтақаи Подмоскове дар вилояти Маскав 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, фоҷеа ба ҳангоми бархӯрди якбора се мошин рух додааст.

Муфаттиши Раёсати тафтишотии умури дохилаи минтақаи Подолск Денис Овсянников дар сӯҳбат бо ин намояндагӣ гуфтааст, ки шоми 6 сентябр дар як ҳодисае мошини боркаше ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда бо микроавтобуси “Газел” бархӯрд. Дар дохили он 6 шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Дар натиҷаи ин бархӯрд, чаҳор мусофир дар ҷои ҳодиса ҷон дода, нафари панҷум дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расид. Ҳуввияти ҳамаи қурбониҳо мушаххас шудааст. Зоҳиран, се нафари онҳо ба ҳам хеши наздик мебошанд:

Холов Акбар Абдумавлонович, с.т. 08.02.1988

Холов Ҷахонгир Абдумавлонович, с.т. 22.08.1989

Холов Ҷамшед Абдулмӯминович, с.т. 31.03.1988

Пардаев Шавкатҷон Муҳиддинович, с.т. 20.02.1986

Ишев Муҳриддин Одинаҳатович, с.т. 17.12.1996.

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба гуфтаи Овсянников, ронандаи мошини боркаш дар содир кардани ин сонеҳаи автомобилӣ гумонбар дониста мешавад.

Иброҳим Аҳмадов дар иттилоия менависад, ки намояндагии вазорати меҳнат тадобири ба Тоҷикистон фиристодани ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистонро рӯи даст гирифтааст.

XS
SM
MD
LG