Пайвандҳои дастрасӣ

Тангаҳои БМТ ба шарафи Саразму Ҳисор ва Олимпиада (ВИДЕО)


Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 5 навъи хотиравии тангаҳои нуқрагинро дар як сиккахонаи Олмон сикка задааст.

Абдуғаффор Қурбонов, сардори дафтари матбуотии Бонки миллӣ рӯзи 10-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки Бонки миллӣ панҷ навъи тангаи нуқрагин ба хотири “5500-солагии Саразм”, “3000-солагии Ҳисор” ва силсилаи “Бозиҳои олимпӣ” - “Ҷаҳиш аз трамплин”, “Лижаронӣ” ва “Биатлон”-ро барои хотира интишор дод.

Аз 5 намуд тангае, ки сикка зада шудааст сетояш ба ифтихори Бозиҳои зимистонаи олимпӣ бахшида шудааст.

Вай афзуд, ки арзиши тангаҳо ба 50 ва 100 сомонӣ баробар буда, аз нуқраи холис сохта шудаанд. Аммо ин тангаҳо ба муомилоти пулӣ ворид карда намешаванд, балки танҳо барои хотира сикка зада шудаанд.

«Ин тангаҳо танҳо барои он шахсоне аст, ки барои ҷамъоварии тангаҳои хотиравӣ шуғл доранд,» - гуфт ҷаноби Қурбонов.

Ба гуфтаи Қурбонов, тангаҳои хотиравӣ аз ҷониби Бонки миллӣ бо риояи стандартҳои олии сикказании тангаҳои хотиравӣ дар сиккахонаи Майери Олмон омода шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG