Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти парвандаи 5 "таҳрирӣ" аз сӯи Кумитаи амнияти миллӣ


Муҳокимаи як узви Ҳизби таҳрир дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Муҳокимаи як узви Ҳизби таҳрир дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Хуҷанд панҷ узви собиқи ҳизби мамнӯи таҳрирро дубора ба зиндон фиристод. Мақомот мегӯянд, ин афрод дар сӯҳбатҳои худ "амир"-и гурӯҳашонро "бобо" ва "ҳизби таҳрир"-ро "корхона ном мебурдаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷузъиёти бештари парвандаи 5 узви собиқи "Ҳизби таҳрир"-ро, ки додгоҳи шаҳри Хуҷанд 10 апрел дубора ба зиндон фиристод, эълон дошт. Мақомот мегӯянд, ин афрод дар сӯҳбатҳои худ "амир"- и гурӯҳашонро "бобо" ва "Ҳизби таҳрир"-ро "корхона" ном мебурдаанд, то бо ин роҳ асрори фаъолияташонро аз мақомоти давлатӣ пинҳон доранд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ин панҷ узви собиқи "Ҳизби таҳрир"-ро бар асоси банди 307, иловаи 2, яъне - "иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ" айбдор донист ва раҳбарашро ба 3.5 сол ва боқимондаҳоро ба 3 сол маҳкум ба ҳабс кард.

Як масъули маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Суғд рӯзи 11 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, раҳбари ин гурӯҳ -- Толибҷон Хоҷаев ва 4 шарикаш - Наим Тошхӯҷаев, Ховар Узбеков, Неъматулло Эшонов ва Маҳкамҷон Каримбердиев буда, яке аз маркази Суғд ва сеи дигар аз Исфараю Чкалов будаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин афрод дар солҳои 2001-2002 низ ба ҷурми узвият дар ин созмони мамнӯи динӣ боздошт ва зиндонӣ шуда, охиринашон ҳамагӣ шаш соли пеш раҳо шудааст.

Ӯ афзуд, ин гурӯҳи панҷнафарӣ соли 2013 аз нав бо якдигар вохӯрда, барои "ҷоннок" кардани фаъолияташон дар "Ҳизби таҳрир" маслиҳат намудаанд: "Онҳо барои пинҳон доштани асрори худ раҳбар ё “амир”-ашонро “бобо” ва “Ҳизби таҳрир”-ро “фирма” ё “корхона” хитоб мекарданд, то бо ин роҳ асрори фаъолияти худро аз мақомоти давлатӣ пинҳон доранд”. Онҳо вохӯриҳои худро дар чанд ошхонаву тарабхонаи шаҳри Хуҷанд доир карда, маслиҳатҳои худро дар он маҳфилҳои худ анҷом медодаанд.

Аъзои ин гурӯҳро мақомоти КДАМ дар вилояти Суғд дар моҳи ноябри соли 2014 боздошт кардаанд.

Бино ба ҳукмномаи додгоҳи Хуҷанд, ин 5 нафар 35 - 42 сола буда, раҳбари гурӯҳ дорои маълумоти олии тиббӣ будааст. Яке дигар ронанда буда, боқимондаҳо ихтисосе надоштаанд. Замони боздошт онҳо дар ҷое кор намекардаанд. Ҳамагӣ оиладор ва соҳиби 3 - 5 фарзанданд. Додгоҳи Хуҷанд ба наздикӣ як сокини дигари шаҳри Исфараро низ ба ҷурми мансубият ба "Ҳизби таҳрир" маҳкум ба ҳабс намуда буд.

Бино ба иттилои мақомоти интизомӣ, дар соли 2014 дар минтақаи шимоли Тоҷикистон 5 сокини минтақа бо гумони мансубият ба ин ҳизби фаъолияташ мамнуъ боздошт шудаанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2001 "Ҳизби таҳрир"-ро созмони "экстремистӣ" эълон ва фаъолияти онро дар кишвар манъ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, аз бахши робита бо ҷомеаи КДАМ дар вилояти Суғд гуфтанд, ахиран чанд нафар аз сокинони минтақа низ бо гумони мансубият ба созмони мамнӯи "Ҳизби таҳрир" аз ҷониби мақомоти ин ниҳод дастгир шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG