Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Қрим то Қувватов: 5 рӯйдоди муҳими сиёсии соли 2014 (5 ВИДЕО)


Бӯҳрони Украина, уфти қурби рубл, танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, нашри видеоҳои шаҳвонӣ ва даъвати Қувватов ба митинги 10 октябр аз хотирмонтарин ҳодисаҳои сиёсии соли 2014 унвон мешаванд.

Дасти Русия дар Украина

Соли 2014 бо шиддат ёфтани вазъи сиёсӣ дар Украина, ишғоли Қрим таниши Ғарбу Русия дар ин замина ва таъсири ин таҳаввулот ба сиёсати байналмилалӣ дар ёдҳо боқӣ мемонад. Русия, сармоягузори ҷангҳои ҷудоиталабони украинӣ, мавриди таҳрими Ғарбу Аврупо қарор гирифт, рубли русӣ ба шиддат поён рафт ва барномаҳои эенержии ин кишвар бе сармоягузор монаданд.

Алорағми шиорҳои сиёсии мақомоти Кремл, қимати маводи ғизоӣ, сӯхт, хадамоти маишӣ ва мутаносибан, арзиши асъори хориҷӣ якбора боло рафт.

Ҳамаи ин вазъ ба таври мустақим ба даромади садҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ таъсир гузошт, ки дар қаламрави Русия кор карда бахши асосии даромади худро ба хонаводаҳояшон мефиристанд.

Тибқи арзёбиҳои бонки миллии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон ба кишвар 6 дар сад кам шуд, нишондодҳои охири сол аз рӯи арзёбиҳои коршиносон, бештар хоҳад шуд.

Нуқтаҳои доғ дар марз бо Қирғизистон

Рӯзи 11 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон садои тир баланд шуд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, дар як моҷарои байни марзбонҳои ду кишвар дасти кам 8 нафар, аксар қирғизҳо ҷароҳат бардоштанд. Ин моҷаро оғози як бӯҳрони чандинмоҳа ва сабаби ба таври якҷониба баста шудани марзи ду кишвар шуд. Марз баҳор боз шуд, вале танишро коҳиш наёфт.

Баъди ин чанд муноқишаи дигари марзӣ дар қитъаҳои сарҳадии вилояти Ботканди Қирғизистон бо ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров рух дод, ки маншааш баҳс бар сари захираҳои обиву замин будааст. Дар ду моҷарое, ки бо дахолати марзбонони мусаллаҳ сар зад, се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нирӯҳои марзбонӣ кушта ва чанд нафар захмӣ шуданд.

Музокироти байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии муовинони сарвазирони ҳарду кишвар ҳарчанд бештар шуд, вале ҳанӯз натиҷае ба бор наовардааст.

6 миллиард ваъдаи Чин

Соли 2014 барои мақомоти Тоҷикистон хабари хуше аз раҳбарони Чин омад: дар ҳошияи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе, боздиди расмии президенти Чин Сӣ Ҷинпин сурат гирифт. Муҳимтарин натиҷа – ваъдаи сармоягузории 6 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон дар се соли оянда буд. Ин азимтарин маблағест, ки Тоҷикистон дар даҳсолаҳои ахир дастрас хоҳад кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои чунин саховат ҳамтои чиниашро ба таври бесобиқа дар мназилаш зиёфат дод.

Соли 2004 Владимир Путин - раисҷумҳури Русия барои сармоягузории бахши энержии Тоҷикистон ду миллиард доллар ваъда карда буд, вале ин ваъда ҳеҷ гоҳ амалӣ нашуд. Тоҷикистон ҳоло умедвор аст, ки ҳамсояи шарқиаш – Чин на танҳо сармоягузори аслии иқтисод, ҳамчунин, шарик ва пуштибони муҳими сиёсиаш мемонад, ки ба фарқ аз Русия, бар ивази чунин ҳамкорӣ тақозоҳои сангине пеш намегузорад.

Аввалин тарҳи ҳамкорӣ дар доираи ин маблағҳо сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ – Чин” аст, ки 400 километр тӯл дошта, солона аз Туркманистон тариқи Узбакистон ва Тоҷикистону Қирғизистон ба Чин 80 миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол медиҳад. Чин ахиран ба кишвари дигар Осиёи Марказӣ - Қазоқистон - низ қарордоди бисёрмиллиарддолларӣ имзо кард.

Секс-скандалҳо

Дар баробари ин рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, тамоми сол таваҷҷӯҳи ҷомеа, бахусус корбарони интернет дар Тоҷикистон ба силсила-моҷароҳои шаҳвонӣ ва ё ба истилоҳ, секс-скандалҳои бадномкунандаи ҳизби наҳзати исломӣ ҷалб шуд. Ин моҷароҳо аз пахши видеоҳои фошкунандаи аъмоли муллоҳои шаҳватпарасте шурӯъ шуданд, ки зери ниқоби табобати мардумӣ ба номуси занон дастдарозӣ мекарданд. Нуқтаи ниҳоиро дар ин силсила-видеоҳои ба таври махфӣ сабтшуда ишқварзиҳои хонуме гузошт, ки ба таъкиди нотиқи хабари телевизиони виртуалии “Нури наҳзат” як узви ҳизби наҳзати исломӣ аз ноҳияи Восеъ будааст.

Дар ҳоле, ки коршиносон пахши видеоҳои бадномкунандаро тактикаи мубориза бо мухолифини пуртарафдор дар остонаи интихоботи парлумонии соли 2015 меноманд, раҳбарияти ҳизби наҳзати исломӣ дар аксари ҳолатҳо хомӯширо ихтиёр кардааст.

"Митинг"-и виртуалии оппозисиюни "виртуалӣ"

Аммо шояд пуртаваҷҷӯҳтарин ҳодисаи сол – митинги баргузорнашудаи эътирозие буд, ки аз ҷониби аъзои ба истилоҳ созмони Гурӯҳи 24 ва Умаралӣ Қувватов тавассути интернет даъват шуд. Ин нахустин даъвати ширкат дар як намоиши эътирозии сартосарӣ дар маркази Душанбе буд, ки дар солҳои охир аз ҷониби афроди марбут ба як созмони, ба қавле, виртуалии оппозитсионӣ садо додааст. Дар ҳоле, ки ҳеҷ нафаре дар Тоҷикистон барои ширкат дар ин намоиши эътирозӣ ҳозир нашуд, мақомот тавре амал карданд, ки агар то он вақт 99 дар сади сокинони кишвар Қуватовро намедонист, баъди омодагиҳои ҳукумат барои муқовимат бо ин гурӯҳ, сокинони кишвар дар бораи онҳо маълумот пайдо карданд.

Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов

Мақомот аз қабл сокинони кишварро аз ширкат дар ҳама гуна ҳамоишҳои машкук ҳушдор доданд ва масъулини муассисаҳои таълимӣ ҳузури хонандагону донишҷӯёнро дар мактабу донишгоҳҳо таҳти назорат гирифтанд. Баъдан Умаралӣ Қувватов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафаш омӯзиши афкори ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки то куҷо барои эътироз зидди ҳукумат омода ҳастанд. Гурӯҳи 24-ро мақомоти Тоҷикистон ба унвони як созмони тундрав мамнӯъ карда, муассисонашро мавриди пайгарди қонун қарор додаанд.

Қувватов дар поёни сол бо ҷамъе аз ёронаш дар Истамбули Туркия дастгир шуд ва ҳанӯз дар боздошт қарор дорад.

Гузориши Озодӣ аз маркази Душанбе дар рӯзи 10 октябр, рӯзе ки Қувватов мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват карда буд:

XS
SM
MD
LG