Пайвандҳои дастрасӣ

5 маъмури комиссариатҳои ҳарбӣ дар "чанг"-и Оҷонсии зидди фасод


Ҳикматуллоҳ Исматов, корманди масъули Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон.

Ҳикматуллоҳ Исматов, корманди масъули Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон.

Оҷонсии мубориза бо фасоди вилояти Хатлон дар ҷараёни даъвати тирамоҳии артиш имсол 5 корманди масъули комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии минтақаро бо иттиҳоми «талаби ришва» боздошт намуд.

Ҳикматулло Исматов, масъули шӯъбаи пешгирии коррупсия дар бахши хатлонии оҷонсии мазкур, зимни ироаи ин хабар гуфт, афроди муттаҳам то замони боздошт шуданашон дар комиссариатҳои ҳарбии навоҳии Бохтару Панҷ ва Шӯроободу Восеъ фаъолият доштанд.

Вай афзуд, ки "исми афроди боздоштшударо айни ҳол, ба хотири халал наёфтани сирри тафтишот ифшо карда наметавонем. Онҳо барои раҳо кардани ҷавонон аз адои хизмати ҳарбии ҳатмӣ, аз падарони онҳо пора талаб намудаанд. Қариб ҳамаашон ҳангоми гирифтани ришва ба даст афтодаанд. Зимнан, оҷонсии мо ба хотири минбаъд ҷилавгирӣ намудан аз такрори чунин ҳодисаҳои ришваситонӣ ба раҳбарияти комиссариатҳои ҳарбии вилояти Хатлон пешниҳодҳо ирсол намудем."

Ҳикматулло Исматов ҳамчунин гуфт, ки ин масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ барои раҳо кардани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ аз 300 то 900 доллари амрикоӣ пора талаб кардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар мақомоти зертобеи вазорати дифоъ, бахусус дар музофотҳо, зиёд ба чашм мерасанд, аммо на ҳамеша ин амалкардҳои ғайриқонунӣ аз сӯйи мақомоти зидахли давлатӣ ошкор мешаванд.

Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии «Рушд», гуфт, худи ӯ низ ахиран шоҳиди бевоситаи амали ғайриқонунии масъулони комиссияи даъвати ҷавонон ба артиш шудааст.

«Ҳамроҳи писари донишҷӯям ба бозор омада будем. Вақте ба мағоза даромадам, писарам дар берун монд. Баъди бозгашт дидам, ки чанд нафаре аз дастони писарам дошта, ӯро иҷборан ба сӯйи як мошини сиёҳ мебурданд, то ба комиссариати ҳарбӣ баранд. Ҷанҷол бардоштем, ки ин чи амали хилофи қонун аст? Магар писарам ягон ҷиноят содир кардааст? Дар посух гуфтанд, ки қарори ҷамоат аст ва мо тибқи ин қарор облава мекунем. Дар ҳақиқат ҳам ҳолатҳои бо Юнус Маҳмадов

Юнус Маҳмадов

зӯрӣ боздошт кардан, ғайриқонунӣ боздошт кардани навҷавонони синни даъватӣ вуҷуд дорад», - афзуд Ю. Маҳмадов.

Бархе шаҳрвандон ҳамзамон аз муомилаи бади баъзе кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ низ шикоят мекунанд. Хонуме бо номи Хонигул, ки сокини ноҳияи Бохтар мебошад, гуфт, ки тирамоҳӣ писари ӯро масъулони комиссияи даъват ба артиш ғайриқонунӣ боз дошта, нисбаташ мисли ҷинояткоре муносибат мекунанд.

Вай афзуд: «Аз ҷойгаҳи хобаш гирифта бурданд ба комиссариати ҳарбии вилоят. Аз пасаш омадам, аммо ӯро мисле, ки ҷинояткор бошад, бароям нишон надоданд, муомилаашон дағал буд. Охир нав 3 рӯз шуда буд, ки ӯро оиладор кардем. Ин писари калонӣ буд, таъминкунандаи рӯзгорамон ҳам ӯ буд, зеро падарашон барвақт мурдааст. Ҳайронам, ки акнун чӣ кунам, ба куҷо равам…»

Ба гуфтаи масъулони Оҷонсии зиддифасод, ин бори аввал нест, ки ходимони комиссариати ҳарбӣ дар Хатлон бо ҷурми ришватситонӣ боздошт мешаванд, балки мавридҳои боздошти кормандони комиссариатҳои ҳарбии минтақа ҳар сол ба вуқуъ мепайвандад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG