Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷазои “ҳаштпо”-и ришва дар Тоҷикистон чист?


Ҳаштпо ё "спрут" махлуқест, ки хартумҳои бешумор дорад ва бо онҳо ҳама ҷо ва ҳама чиро мепечонанд.

Хабари боздошти мансабдорони давлатӣ бо иттиҳоми ришвагирӣ дар Тоҷикистон дар се моҳи охир то рафт бештар ба гӯш мерасад ва дараҷаи мансаби чунин афрод ҳоло болотар рафта ба сатҳи миёна наздик мешавад. Барои намуна, муовини додситони ноҳияи Файзобод, корманди баландпояи додситонии вилояти Суғд, як узви кумиссюни давлатӣ дар Кӯлоб, сардори раёсати Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва ғайра.

Бо вуҷуди ин, ба ақидаи хонандагони торнамои Радиои Озодӣ мубориза бо порахӯрӣ дар кишвар системавӣ нест ва пеши роҳи онро гирифта наметавонад. Боздошти як нафар сабаби ҳабс ва барканории ӯ аз мансаб мешавад, аммо ба зудӣ шахсе, ки ба курсии вай нишаст, ғолибан он роҳи пешинаро идома медиҳад. Ба ин сабаб, ширкаткунадагони як пурсиши видоеӣ дар шаҳри Душанбе ҷазои ришвахоронро кофӣ ва ибратомӯз намешуморанд. Онҳо мегӯянд, намунаҳои ҷазои қатъӣ ва хотирнишинро намедонанд ва, ба ақидаи онҳо, вазъи Тоҷикистон талаб мекунад, ки ин ҷазо ба маротиб сахттар бошад. Яке аз ҳамсӯҳбатони мо муҷозоти ришвахорон дар Чинро беҳтарин намуна мешуморад.

Бино бар як пажӯҳише, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта анҷом дод, фасод дар кишвар дар 10 соли охир се баробар афзоиш ёфта, агар камтарин пора дар соли 2005 620 сомониро ташкил медод, дар соли 2011 он ба 1800 сомонӣ расид. Ба ақидаи муаллифони ин пажӯҳиш, солона маблағи баробар бо буҷаи Тоҷикистон ба ҳайси пора аз ҷайб ба ҷайб мегузарад ва кишвар аз он миллиардҳо доллар зарар мебинад.

Ба ақидаи Абдулвоҳид Шамолов, раиси гурӯҳи пажӯҳишгарон, ки ин тадқиқотро омода карда буд, “бозори коррупсия дар Тоҷикистон устувор аст ва дар ҳоли инкишоф қарор дорад.”

Ин дар ҳолест, ки дар як пурсиши дигари Радиои Озодӣ дар шабакаи Фейсбук аксарияти кулли раъйдиҳандагон наздиктарин роҳи рушди Тоҷикистонро дар решакан кардани ришвахорӣ дидаанд.

Бархе аз ширкаткунандагони баҳс мегӯянд, фурсати он расидааст, ки зарбаи қонун ба ришвахорон шадидтар шавад ва парвандаю муҳокимаи онҳо бо шаффофияти бештар ҷараён гирифта, ба пок шудани ҷомеа аз фасод кӯмак кунад. Яке аз посухдиҳандагон ҷанги зидди фасодро вазифаи аввалиндараҷаи раисиҷумҳури Тоҷикистон меномад, аммо борҳо гуфта шудааст, танҳо талошҳои муштараки аҳли ҷомеа метавонад, онро шикаст диҳад. Шумо дар ин бора чӣ назар доред ва кадом анвои ҷазо ба ришвахоронро беҳтарин роҳи мубориза медонед?

Ҷазои ришвахӯрҳо чист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG