Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Австрия ба волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи башар даъват кард


Ҳайнз Фишер баъди мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорон посух дод.

Аммо қабл аз суолуҷавоби президенти Австрия бо намояндагони матбуот, ду кишвар Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи федеролии тиҷоратии Австрия ба имзо карданд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар поини ин сафар ҳамчунин протоколи иловагӣ ба Протоколи Конвенсия миёни Тоҷикистон ва Австрия оид ба канорагирӣ ва андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ва инчунин Ёддошти тафоҳум миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон ва Институти стандартизатсияи Ҷумҳурии Австрия ба тасвиб расид. Тибқи иттилои ҳукумати Тоҷикистон, созишномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва Эъломияи муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба рӯзи 7 июни соли 2011 дар шаҳри Вена зимни сафари расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Австрия имзо расида буд.

Ба думболи ин нишасти матбуотӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер барпо шуд. Ҳайнтс Фишер, аз ҷумла ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорати шомил шудани Тоҷикистонро табрик гуфт ва изҳори умедворӣ кард, ки ин узвият барои пешрафтҳои бештари иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Айни замон, ӯ таъкид кард, ки рушди босубот ва дарозмуддати кишвар ба волоияти қонун, замонати ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорон ва риояи ҳуқуқи инсон бастагии ҷиддӣ дорад.

Вай инчунин гуфт, ки Австрия дар соҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, роҳу пулҳо ва нақбҳои нақлиётӣ дар Аврупо пешсаф аст ва ман фикр мекунам, ки маҳз дар ин самтҳо “мо метавонем бо Тоҷикистон ҳамкории босамари иқтисодӣ дошта бошем”.

Ҷаноби Фишер гуфт, ки дар самти мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон, тадобири иловагие чун баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳаммулпазирии динӣ зарур аст.

Ҳайнтс Фишер шоми дирӯз вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва субҳ бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигари тоҷик дидору гуфтугӯ анҷом дод. Эмомалӣ Раҳмон Австрияро аз ҷумлаи “шарикони муҳиму боэътимод” хонд, ки манфиатдори рушди созандаи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст.

Дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Тоҷикистон Ҳайнз Фишер аз Масҷиди марказии пойтахти Тоҷикистон дидан карда, дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия ширкат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG