Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро моҳиҳои Малайзия аз моҳиҳои Тоҷикистон арзонтаранд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар бозору фурӯшгоҳҳои кишвар ҷои моҳиҳои худиро бештар моҳиҳои воридотӣ аз Ветнаму Малайзия гирифтаанд. Дар ҳоле ки як кило зағорамоҳии худӣ 35 сомонист, як кило моҳии хориҷӣ ба 15 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Академияи илмҳои Тоҷикистон дубора ба шикори зағорамоҳӣ дар обанбори Қайроққуми вилояти Суғд иҷоза додааст ва ҳоло як кило зағорамоҳии худӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои минтақаи шимол ба 35 сомонӣ, баробар ба нархи як кило гӯшти гов, фурӯхта мешавад. Аммо як кило моҳии тозакардаи Ветнаму Малайзия, ки то ин ҷо роҳи тӯлониро тай кардаву барои баровардану фароварданашон низ нерӯ сарф шудааст, ҳамагӣ 15 сомонӣ арзиш дорад. То ҳоло касе далели арзонии моҳиҳои воридотиро дар муқоиса ба моҳиҳои худ намегӯяд. Вале зоҳиран иҷоза барои шикори моҳии камтар дар кишвар сабаб шудааст, то қимати он ҳам боло биравад.

Бузургтарин хоҷагии моҳигирӣ ва парвариши он бо номи “Суғдмоҳӣ” дар канори обанбори Қайроққум воқеъ аст ва ин хоҷагӣ то ибтидои даҳаи охири қарни гузашта солона беш аз 500 тонна моҳӣ мегирифт ва аҳолии минтақаи шимоли Тоҷикистонро бо моҳӣ таъмин мекарду ба минтақаҳои ҳамсояи Узбакистону Қирғизистон низ мефурӯхт. Ғафур Каримов, ноиби сардори хоҷагии “Суғдмоҳӣ” ва ҳамзамон корманди Донишкадаи назорати моҳӣ, вобаста ба Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло моҳигирӣ аз Баҳри Тоҷик ба маротиб коҳиш ёфта, барои таъмини ҳадди ақали сокинон кофӣ нест: “Шӯрои олимон имсол ба 120 тонна моҳигирӣ иҷоза доданд. Вале ҳукумат 30 тоннаи дигар изофа кард, ҳамин тавр, имсол аз обанбори Қайроққум 150 тонна моҳӣ мегирем.”

Мутахассисон бунёди обанборҳои Қайроққуму Фарҳод, баста шудани роҳи ҳаракати мавсимӣ ва ба заминҳои кишоварзӣ табдил додани ҷойи тухмгузориро сабаби аслии тадриҷан нест шудани моҳиҳо дар ҳавзаи рӯди Сир медонанд. Ғафур Каримов меафзояд, “дигар шудани реҷаи гидрологии обанбор ба ҳолати табиии наслгузории моҳӣ таъсири манфӣ расонд. Бинобар ҳамин, аксар навъи моҳиҳое, ки асоси сайди саноатии моҳиро дар обанбори Қайроққум ташкил медоданд, аз ҷойҳои тухмгузорӣ маҳрум шуда, насл гузошта натавонистанд ва аз байн рафтанд.”

Ба қавли мусоҳиби мо, ҳоло аз 30 навъ моҳии Баҳри Тоҷик 6-7 намуд ҷон ба саломат бурдаанд, ки зағорамоҳиву суфмоҳӣ (судак) аз ҳама хушсифати мебошанд. Cолҳои охир лаққамоҳиҳои баробар бо қади одам низ дигар нопадид шуда, ками андар кам ба тур меафтанд. Бо тавсияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба хотири ҳифзи зағорамоҳӣ – сазан сар аз соли 2011 сайди он дар обанбори Қайроққум барои 3 сол манъ шуда буд ва ҳоло аз сар гирифта шудааст. Вале Идораи ҳифзи муҳити зисти Суғд моҳигирӣ бо тӯри сӯрохҳояш аз 4 сантиметр хурдро манъ кардааст, то ки моҳиёни хурд ба дом наафтанд ва наслашон аз байн наравад.

Бо тавсияи Академияи илмҳои Тоҷикистон хоҷагии “Суғдмоҳӣ” ба хотири зиёд кардани зағорамоҳӣ сар аз соли 2009 ҳар сол ҳудуди як миллион моҳичаро аз кӯлҳои моҳипарварӣ ба обанбор сар медиҳад. Мухтор Ҳамроев, моҳипарвари собиқадори маҳаллӣ мегӯяд, калон шудани ҳадди ақалл панҷяки он моҳичаҳо аз нест шудани зағорамоҳӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард. Вале ба гуфтаи вай, насосҳои обкашии обанбори Қайроққум симтурбандӣ нашуда, мавсими обёрӣ қисми зиёди моҳичаҳоро фурӯ мебарад. Вай афзуд, бастани сари насосҳо бо симтурҳои махсус ҷони моҳичаҳоро наҷот медиҳад, аммо то ҳол ин кори оддӣ иҷро намешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2009 як барномаи вижаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар кишварро ба хотири таъхмини аҳолӣ бо моҳӣ рӯи даст гирифт. Ин барнома таъсиси хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар кӯлу ҳавзҳои кишварро то соли 2015 пешбинӣ мекунад. Дар чорчӯби он дар вилояти Суғд низ чанд хоҷагии хурди моҳипарварӣ таъсис додаанд, вале ба сурати умум аз набудани мутахассисони хуби моҳипарвар ва ғизо барои моҳӣ ин барнома низ то ҳол ҳосили чашмрас надодааст.

XS
SM
MD
LG