Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот ба дари чопхонаи ҲНИТ мӯҳр заданд


Акс аз сомонаи ҲНИТ
Акс аз сомонаи ҲНИТ

Мақомоти Тоҷикистон ба дари «Муаттар» - чопхонаи ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мӯҳр задаанд. Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, сардабири “Наҷот”, нашрияи ҲНИТ рӯзи 13 август ба радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 12 август намояндагони вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, «Тоҷикстандарт» ва Идораи санитарӣ- эпидемиологӣ бо мактуби вазорати фарҳанг ба қароргоҳи ҲНИТ омада, гуфтаанд, бояд фаъолияти матбааро мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дар пайи санҷиш ба далели вуҷуди камбудиҳои беҳдоштӣ фаъолияти чопхонаи ҲНИТ муваққатан манъ шудаааст. Сайфуллоҳзода мегӯяд, сарнавишти баъдии чопхона давоми ду рӯзи оянда маълум хоҳад шуд, вале бино бар баста будани дари чопхона шумораи навбатии “Наҷот” бо теъдоди хеле камтар ба нашр расидааст. Чопхонаи ҲНИТ аз соли 2000ум ба фаъолият шурӯъ карда, дар он ба ҷуз «Наҷот» маҷаллаҳо ва китобҳову дастуроти ҳизб низ чоп мешуд.

XS
SM
MD
LG