Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кор аз рӯи ихтисос ва бо забони англисӣ дигар як орзуи холӣ нест, балки воқеият аст. Донишҷӯёни риштаи англисии донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тамоми дарсҳои ихтисоси худро ба ҳамин забон меомӯзанд ва аксарият бовар доранд, ки баъди хатми мактаб ҳатман барои худ дар дохил ё хориҷи Тоҷикистон кор меёбанд.

Шогирдони тоҷики Адам Смитт, донишманди қарни 18 мехоҳанд ихтисоси худро бо забони ин падари илми иқтисоди ҷаҳон биомӯзанд. Дар шароити камбуди ҷои кор дар бозори дохилии кишвар, аксари ҷавонҳои тоҷик талош мекунанд аз курсии донишҷӯӣ худро ба бозори кор, аз ҷумла ба бозори кори хориҷа мутобиқ кунанд.

Аввалин дарсҳо ба забони англисӣ аз рӯи ихтисоси иқтисодшиносу бозорёб ё маркетолог дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳафт соли пеш ба роҳ монда шуд ва ҳоло хатмкардаҳои ин ришта дар мақомҳои хуб кору фаъолият мекунанд.

Деҳқон Наврӯзмаҳмадов мактаби миёнаро дар вилояти Бадахшон ва бо забони тоҷикӣ хатм карда ҳоло иқтисоди ҷаҳонро дар Душане ба забони англисӣ меомӯзад. Аммо барои расидан ба ҳадафу нақшаҳое, ки ба ҳайси як иқтисоддон дорад, таҳсил дар гурӯҳи англисиро интихоб кард. Деҳқон орзу дорад, ки донишгоҳро ба ҳайси як мутахассиси комили соҳаи худ, яъне иқтисодшиноси донандаи забони англисӣ хатм карда дар хориҷа кор кунад. Вай мегӯяд, ин орзуи деринааш аст ва ҳоло аз рӯи имконияти дошта талош мекунад барномаҳои муосири илми иқтисодро ба забони англисӣ азхуд кунад.

Бахши иқтисоди ҷаҳон дар факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи тиҷорат дар Тоҷикистон нахустин гурӯҳ дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2009 барои ин кишвар иқтисоддонҳои англисизабонро омода мекунад. Масъулини донишгоҳ бовар доранд, ки шогирдони онҳо маҳз ҳамон мутахассисоне мешаванд, ки барои ояндаи ин кишвар зарур ҳастанд. Зимнан, дар аксар ҳолатҳо забони кориву гуфтугӯии муттахассисони соҳаи иқтисоди тоҷик, чун мероси даврони шӯравӣ, русӣ буд ва маълумоти зиёд ва адабиёти илмӣ ҳам аксаран аз Русия ворид мешуд.

Фарҳод Шаропов, декани факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи тиҷорат эътироф мекунад, ки мутахассисони онҳо – омӯзгорони факулта «шояд ба таври бояду шояд дар расонидани маълумот ба забони англисӣ» мушкилӣ кашанд, дар ин сурат, мегӯяд ӯ, аз кӯмаки тарҷумон кор гирифта мешавад. Вай мегӯяд, ҳадаф аз омода кардани кадри иқтисодӣ бо забони англисӣ ҳам – омода кардани кадрҳои миллии худӣ аст, ки тавонанд Тоҷикистон ва иқтисоди онро дар ҷаҳон муаррифӣ кунанд. «Хатмкунандаҳои мо имрӯз дар ниҳодҳои ҷаҳонии молиявӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва дар ниҳодҳои давлатӣ фаъолият мекунанд ва метавонанд дар ҷамъомадҳои иқтисодӣТоҷикистонро муаррифӣ кунанд”, гуфт декан.

Раҳбарони факулта мегӯяд, эҳсос мешавад, ки дар ҷараёни дарсҳо гурӯҳи англисизабон фаъолтар аз ҳамтоёнашон дар факултаи тоҷикизабон аст ва таваҷҷӯҳ ва талоши онҳо барои азхуд кардани ихтисос ба забони англисӣ донишҳои иқтисодии онҳоро ҳам васеътар мекунад. Онҳо ба адабиёти илмии иқтисодӣ ба ин забон дастрасӣ доранд ва аз манобеи интернетӣ ҳам фаъолона истифода мекунанд.

Дар Душанбе ҳоло имкони омӯзиши забони чинӣ ҳам дар донишгоҳи Славянию русӣ имконпазир аст

Дар Душанбе ҳоло имкони омӯзиши забони чинӣ ҳам дар донишгоҳи Славянию русӣ имконпазир аст

Соҳаи иқтисодшиносӣ солҳои баъди истиқлоли Тоҷикистон яке аз маъмултарин бахши мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонон дар ин кишвар шуд. Дар баробари таҳсил дар мактабҳои олии дохилӣ, ҷавонон барои омӯзиши илми иқтисод ба хориҷа мераванд, вале бозори маҳдуди кор дар Тоҷикистон ва вуҷуди мушкилоти мисли коррупсияву шиносбозӣ на ҳама мутахассисонро соҳиби ҷои кор мекунад. Бархе хатмкардаҳои мактабҳои олии хориҷӣ баъди бозгашти худ бо мушкили дарёфти кор рӯбарӯ шуданд ва дубора аз кишвар рафтанд. Бо ин вуҷуд, ҳоло дар сохторҳои давлативу хусусӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мутахассисони зиёди соҳаи худ ва донандаи забони англисӣ кор мекунанд ва даромади онҳо назар ба ҳамтоёни дигарашон баландтар аст.

XS
SM
MD
LG