Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо амри президенти Тоҷикистон, раҳбарони ҳукуматҳои ноҳиявӣ ва вилояти Бадахшон нав шуданд.

Тағйироти кадриву сохторие, ки дар ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ шуд, ғолибан ба мақомоти раҳбарикунандаи вилояти Бадахшон марбут аст.

Абдулфаттоҳ Шарифзода, раиси Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, раиси ҷумҳур бо як фармони дигар Қодири Қосимро аз вазифаи раиси вилояти Бадахшон озод ва ба вазифаи нав -- раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ тайин намуд. Қодири Қосим то таъйин шудан ба мақоми раиси вилояти Бадахшон, дар симати раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси ВМКБ ва муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Бо фармони президент ҳамакнун ба вазифаи раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшедов, раиси ноҳияи Шуғнон таъйин шуд. Ҷамшедов панҷ сол дар вазифаи раиси ноҳия кор карда, аз ин пеш дар мақоми сардори раёсати тандурусти вилояти Бадахшон ифои вазифа кардааст. Ҷои ӯро ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев, собиқ муовини раиси вилояти Бадахшон касб кард. Ҳамчунин, бо фармони имрӯзаи президент, Худоёр Худоёров иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон, З.Самадов - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим ва Д.Раҷабова раиси ноҳияи Ванҷ таъйин шуданд.

Баробар бо ин, А.Кӯчакшоев аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим, Амрихудои Дамдор аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ ва Қ.Ғуломшоева аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон озод шуданд.

Фармони дигари президенти Тоҷикистон аз рӯзи 19 ноябр Матлубхон Давлатов, муовини аввали сарвазири кишварро низ аз мақомаш озод ва Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро ба ҷои ӯ таъйин кардааст. Матлубхон Давлатов, ки аз наздикони раиси ҷумҳур ба ҳисоб меравад, аз моҳи марти соли 2010 дар мақоми раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва аз 5-уми январи соли 2012 дар симати муовини аввали сарвазири Тоҷикистон адои вазифа мекард.

Давлаталӣ Саидов, муовини нави нахуствазир бошад чанд сол раҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва сипас сафири Тоҷикистон дар Ҷопон будааст. Ӯ соли 2009 ба мақоми раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд.

Абдулфаттоҳ Шарифзода, раиси Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, раиси ҷумҳур бо як фармони дигар Қодири Қосимро аз вазифаи раиси вилояти Бадахшон озод ва ба вазифаи нав -- раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ тайин намуд. Қодири Қосим то таъйин шудан ба мақоми раиси вилояти Бадахшон, дар симати раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси ВМКБ ва муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст

Ба гуфтаи ин манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо як фармон Шодӣ Ҷамшедов, раиси ноҳияи Шуғнонро раиси вилояти Бадахшон таъйин кардааст. Шодӣ Ҷамшедов аз ин қабл дар мақоми сардори раёсати тандурусти вилояти Бадахшон низ кор кардааст. Азиз Гиёев ба ҷои Шодӣ Ҷамшедов раиси ноҳияи Шуғнон таъйин шудааст.

Ба гуфтаи оқои Шарифзода, раиси ҷумҳур бо як фармони дигари худ, сохтори ҳукумати кишварро тасдиқ кард. Фармони мазкур як қатор тағйироти сохториро дар низоми мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия пешбинӣ намудааст.

Аз ҷумла, вазорати энергетика ва саноат ба вазорати энергетика ва захираҳои обӣ, вазорати маориф ба вазорати маориф ва илм, вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ табдил дода шуданд.

Инчунин вазорати тандурустӣ ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати хизмати давлатии назди президент ба Оҷонсии хизмати давлатии назди президент, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумита оид ба корҳои дин ба Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумат, табдил дода мешаванд.

Бар пояи ин фармон, Оҷонсии сохтмон ва меъмории назди ҳукумат ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат, Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди ҳукумат ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ, Оҷонсии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Оҷонсии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, табдил дода мешаванд.

Ҳамчунин таъсиси чаҳор ниҳоди нав, яъне вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи рушди маҳалӣ, Оҷонсии хоҷагии ҷангал ва Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ ва барҳамдиҳии вазорати мелиоратсия ва захираҳои обӣ, дар назар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр расман истеъфо дод. Тибқи моддаи 74-уми Қонуни асосии Тоҷикистон, дар пайи интихоби раисиҷумҳури ҷадид, ҳукумати қаблӣ бо шумули сарвазиру муовинҳои ӯ, вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатӣ то замони таъсиси ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро дар назди президенти навинтихобшуда, ки дар Тоҷикистон раиси ҳукумат ҳам ӯст, вомегузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG