Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Парижи Фаронса анҷумани нахустини тоҷикони ин кишвар ба қайд гирифта шуд.

Раиси ин анҷуман – духтари тоҷик Шафақ Фаррухзод мегӯяд, ки баъди мулоқоту ҳамоишҳои мухталиф ва ҳам баррасиҳои зиёд тоҷикони муқими Париж ба хулосае омаданд, ки бояд таҳти чатри як созмон ба ҳам оянд. Ин анҷуман ҳадаф дорад, ки дар баробари баргузории идонаи тоҷикӣ, назири Наврӯз, барномаҳои ҷиддитари фарҳангӣ, аз қабили ташкили намоишгоҳҳову чопи китоб, баргузории консертҳои ҳунарӣ ва даъвати меҳмонҳо аз Тоҷикистонро дар рисолати худ қарор диҳад.

Зимнан, Шафақ Фаррухзод духтари ҳунарпеша ва муассиси театри “Аҳорун” зиндаёд Фаррух Қосимов мебошад. Ӯ беш аз 10 сол аст, ки дар

Шафақ Фаррухзод

Шафақ Фаррухзод

Париж зиндагиву кор мекунад, ихтисосаш – навозандаи виолин ё скрипка аст ва дар як гурӯҳи мусиқии маҳаллӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Вай мегӯяд, ки дар маҳфилҳои ҳамватанон дар Париж, бахусус ба ҳангоми ҳамоиши фарзандон зарурати тарбияи ин кӯдакон дар рӯҳияи миллиро эҳсос кардааст. Вай дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Париж гуфт, ки феълан дар ин шаҳр ҳудудан 20 тоҷику тоҷикистонӣ зиндагӣ мекунад ва ҳамаи онҳо доғ-доғи фарҳангу ҳунар ва забони модариашон ҳастанд, аз рӯ мехоҳанд, ки наслҳои баъдии тоҷикони Аврупо ба ҳеҷ сурат ҳуввияти миллии худро аз даст надиҳанд. Тасмими таъсиси анҷумани фарҳангии тоҷикони Фаронса ҳам ин ҷо гирифта шуд ва ҳоло муассисон умедворанд, ки битавонанд корҳои амаливу созандро ба хотири ояндаи худу фарзандонашон анҷом диҳанд.

Дар Фаронса дар давоми 25 соли охир чунин шахсиятҳои маъруфи соҳаи синамову ҳунари тоҷик, ба мисли филмсозон Гулбаҳор Мирзоева, Ҷамшед Усмонов ва пайкаратарош Амрӣ Аминов кору зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG