Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин варзишгоҳи мардумӣ дар Кӯлоб


Рӯзи 20 март дар шаҳри Кӯлоб аввалин варзишгоҳ бо майдони сунъӣ ба истифода дода шуд ва билофосила "Варзишгоҳи мардумӣ" ном гирифт.

Зимни ифтитоҳи ин варзишгоҳ раиси шаҳри Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонов иброз дошт, ки ин майдони футбол аз аввалин меваҳои лоиҳаи «Ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ» дар вилояти Хатлон мебошад ва дар бунёди варзишгоҳ саҳми нашрияи "СССР" зери роҳбарии Сайёфи Мизроб хеле назаррас аст. Абдулғаффор Раҳмонов иброз дошт, ки ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар бунёди иншооти маишиву маданӣ дар ин рӯзҳо муҳим аст, чунки ҳукумат ба дастгирии чунин соҳибкорон ниёз дорад. Ӯ афзуд, замини ин варзишгоҳ аз ҳисоби хонаҳои холишудаи зарардидагони сели моҳи майи соли 2010 мебошад, ки баъди таъмини сокинонаш бо манзил нав чанд сол боз бекор хобида буд.

Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтавори СССР ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бунёди ин варзишгоҳ, соҳибкорони ватанӣ ва кормандони давлатӣ ба ӯ кӯмак намудаанд. Ба иттилои ӯ, минбаъд дар варзишгоҳ аз рӯи реҷаи муайян кӯдакону наврасон ба машқи футбол ва дар гӯшаи дигараш ба баскетболу волейбол ҷалб мегарданд.

Шӯҳрат Шонов, роҳбари клуби мухлисони дастаи футболи «Равшан» ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан дар шаҳри Кӯлоб барои ба машқу тамрини футбол машғул шудани ҷавонону наврасон шароитҳои лозима фароҳам нест. Вале ӯ бовар дорад, ки дар оянда бунёди чунин варзишгоҳҳо зиёд мегардад ва барои дастаи дӯстдоштаи онҳо наврасони болаёқат тарбият меёбан. Шӯҳрат Шонов ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар рӯзҳои наздик дар ин майдони тозабунёди сунъӣ мусобиқаи футбол байни дастаҳои кӯчаву маҳалла ва идораҳои шаҳр баргузор мешавад.

Баъди рамзан ифтитоҳ намудани ин варзишгоҳ аз ҷониби дастандаркорон барои мухлисони ҷамъомада дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб бо дастаи бозигарони эҳтиётии худ футболи ҷолибу хотирмон нишон доданд.
Ҳамчун рамзи Наврӯзӣ бо иштироки ҳунармандон Сурайё Қосимова, Файзалӣ Ҳасанов ва дигарон тӯйи арӯсии ду ҷуфти ҷавони ҳамин маҳалла ва хатнасӯри 20 кӯдак гузаронида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба афроде, ки барои бунёди ин варзишгоҳ кӯмак намуданд, ифтихорномаҳои нашрияи СССР супорида шуд. Дар қатори нафарони бунёдгузор исми шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонов, раиси бозори "Султони Кабир" Авазхон Кабиров, раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзод, роҳбарияти корхонаи «Талко» ва раиси молияи шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назаров ва дигар соҳибкорон садо дод.

XS
SM
MD
LG