Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи аввал самти парвозҳоро дигар кард


Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки барфи аввал самти бархе аз парвозҳоро дигар кардааст.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 5-уми декабр ба "Озодӣ" гуфт, бад шудани вазъи ҳаво, аз ҷумла баланд шудани суръати шамол, фаромадани туман ва боридани барфи субҳи имрӯз, самти парвози баъзе хатсайрҳоро дигар кард.

Ба гуфтаи оқои Шодиев, мувофиқи муқаррароти қавоиди авиатсионӣ, ҳар як ҳавопаймое, ки ба фурудгоҳи муайян парвоз менамояд, барои худ чанд фурудгоҳи захиравии дигар низ дорад. Ба гуфтаи вай, субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо рейси 4852, ки дар хатсайри Санкт-Петербург–Душанбе парвоз мекард, бинобар номувофиқ будани вазъи ҳавои фурудгоҳи Душанбе, дар фурудгоҳи Кӯлоб нишаст.

Ҳамчунин ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалиний», ки дар хатсайри Екатеринбург-Душанбе парвоз мекард, сараввал дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст ва бо мусоид шудани вазъи ҳаво, ба Душанбе парвоз кардааст.

Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки бо рейси 252 дар хатсайри Москва –Хуҷанд парвоз мекард, бинобар фаромадани туман дар фурудгоҳи Хуҷанд, дар фурудгоҳи Душанбе нишаст ва ҳамакнун ҳавои Хуҷанд кушода гашт ва соати наздик ин ҳавопаймо аз Душанбе ба Хуҷанд парвоз хоҳад кард.

Ба гуфтаи сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, бо вуҷуди боридани барф, фурудгоҳи Душанбе бо тартиби муқаррарӣ фаъолият менамояд ва қабулу гусели ҳавопаймоҳо аз рўи ҷадвал идома дорад.

Субҳи панҷшанбеи 5-уми декабр дар Душанбе барои бори аввал дар фасли зимистони имсола, барф борид. Тибқи иттилои маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар аксари манотиқи кишвар имрӯз борон ва дар бархе аз минтақаҳо барф меборад. Резиши барфи аввал дар ҳолест, ки сокинон манотиқи рустоии кишвар аз чанд сол ба ин тараф аз бебарқӣ ранҷ мебаранд ва ҳамакнун реҷаи шадиди расонидани барқ ҷорӣ шудааст.

Нахустин барфи зимистони имсола дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00
XS
SM
MD
LG