Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавсими нахустини Маркази тестӣ. Кӣ бурду кӣ бохт? (ВИДЕО)


Мавсими аввали имтиҳонҳои дохилшавӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ таассуроти мухталиферо дар зеҳнҳо ба ҷо гузоштааст. Бархе аз ин таҷриба тақдир ва бархе танқид мекунанд.

Маъракаи имтиҳоноти донишгоҳҳои олии Тоҷикистон нишон дод, ки Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон натавонистааст кулли интизороти довталабон ва волидони онҳоро бароварда кунад.

Ин нуктаро дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ волидони довталатабони норозие, ки рӯзи 20 август бо талаби адолат дар саҳни Маркази тестӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъ шуда буданд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иброз доштанд. Ба қавли онҳо, имтиҳонҳоро бо дониши худ супорида, холҳои кофӣ барои шомил шудан ба донишгоҳро ҳам соҳиб шудаанд, аммо натавонистаанд ба риштаҳои дилхоҳи худ шомил шаванд.

Дар ҳоле ки то оғози соли нави хониш ҳамагӣ 10 рӯз боқӣ мондааст, чунин ба назар мерасад, ки таҷрибаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо дар асоси низоми ягонаи тестӣ теъдоде аз довталабон ва волидони онҳоро дар бунбаст ва ҳолати номуайянӣ қарор додааст. Тӯли чанд рӯзи ахир даҳҳо нафар пушти дари Маркази миллии тестӣ дар пойтахт бо суолҳои бешумори худ ҷамъ меоянд.

Меҳроб Мӯъминов, яке аз довталабони норозӣ мегӯяд, вай дар озмуни интихоби ихтисосҳо холи гузаришро ба даст овард, аммо 15-уми август масъулин гуфтаанд, ки холи ӯ барои таҳсил дар ихтисоси дилхоҳаш кофӣ нест. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Меҳроб, ба дарозо кашидани мӯҳлати ҷамъбасти натиҷаи имтиҳонҳо шаффофияти кори ин марказро зери шубҳа қарор медиҳад.

Меҳроб афзуд, «ман хонандаи яке аз мактабҳои пойтахтам ва аз рӯи кластери 2-юм имтиҳон супорида, 385 балро соҳиб гардидам. Ман мехостам дар Донишгоҳи Миллӣ таҳсил кунам, аммо маро ба Донишгоҳи технологӣ гузаронидаанд. Ин ҳам дар ҳолест ки 1-уми август масъулон эълон дошта буданд, ки мо гузаштем, аммо дар вақти тақсими ихтисосҳо кор дигар хел шуд.»

Дар ҳамин ҳол, падари яке аз дигар довталабон низ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки холи гузариши фарзандаш барои ихтисосҳои буҷавӣ кифоя буд, аммо ӯро танҳо ба бахши шартномавӣ қабул карданд. Вай ҳамчунин афзуд, нархи шартнома бениҳоят гарон аст, ва онҳо имкони пардохти ҳаққи таҳсилро надоранд. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, «писари ман донишкадаи забонҳоро интихоб карда буд, балли гузаришаш ба факултаҳои буҷавӣ мувофиқат мекард, вале чаро инро ба инобат нагирифтаанд, ман - ҳайрон. Ҳоло ба факултае, ки пешниҳод шудааст, нархи шартномааш чоруним ҳазор сомонӣ аст. Ман ба ин қадар маблағ оилаамро хӯронам ва ё писарамро хононам, намедонам.»

Ин гуфтугузорҳо ва норизоият аз кори Маркази миллии тестӣ дар ҳолест ки худи масъулони марказ ҷараёни имтиҳони довталабон ва кори ин ниҳодро хуб арзёбӣ мекунанд. Онҳо сӯитафоҳуми мавҷударо ба иштибоҳ ва нофаҳмии худи довталабон рабт медиҳанд.

Мирзошариф Шодиев

Мирзошариф Шодиев

Мирзошариф Шодиев, як масъули Маркази миллии тестӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, довталбон ҳангоми муқаррар кардани авлавияти ихтисос ва ё муассисаи таълимӣ ба хатоӣ роҳ додаанд. Ӯ мегӯяд, «ҳоло он ки сабти довталабон аз 1-уми март то 15-уми апрел идома кард ва то охири моҳи апрел мо ба ҳамаи довталабон имконияти сабти дубораро додем ва онҳо метавонистанд дар он вақт ихтисос, кластер ва муассисаи таълимиро дигар кунанд. Аммо мутаассифона, имрӯз пас аз он ки ҳамаи онҳоро барномаи довталаб тақсимот гузаронд, акнун ба назди марказ меоянд ва даъво мекунанд, ки мо ин ҷоро мехостему он ҷоро -не.»

Тоҷикистон барои гузаштан ба низоми ягонаи тестӣ марҳилаи тӯлонии омӯзиширо, ки 10 сол идома кард, пушти сар намуд. Яке аз ҳадафҳои аслии роҳандозии ин низом аз байн бурдани фасод ва роҳ кушодан ба довталабони болаёқат ба макотиби олӣ буд. Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди таҷрибаи андаки Маркази тестӣ дар баргузории имтиҳонот он то андозае тавонист муваффақ шавад.

Абдуфаттоҳ Ҳотамов - таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ин низом фаҳмиши онро, ки танҳо тавассути «восита» метавон ба курсии донишҷӯӣ нишаст, шикаст. Ҷаноби Ҳотамов афзуд, «аз нигоҳи ман, ин таҷриба нишон дод, ки вақте аз афроди алоҳида натиҷаи кори довталаб вобаста нест, хеле хуб аст. Яъне агар хонанда дониши хуб дошта бошад, бе чуну чаро ба донишгоҳи дилхоҳаш шомил мешавад ва ҳеҷ кас холи ӯро паст намекунад. Аммо мутаассифона, маркази тестӣ то ҳанӯз ҳам ташвиқоти хуб намебарад. Онҳо бояд дар сомонаи худ ба таври равшан нишон бидиҳанд, ки киҳо чанд холӣ гирифтанд, то ин ки дар касе шубҳае пайдо нашавад.»

Қироншоҳ Шарифзода, яке аз дигар коршиносони тоҷик низ гуфт, сарфи назар аз камбудиҳои мавҷуда маркази тестӣ то андозае тавонист кори худро анҷом диҳад. Ӯ мегӯяд, «агар имсол ба истилоҳ ҷойҳо дар мактабҳои олӣ пур нашуда бошад, боке нест. Ба ҳар ҳол ин таҷриба буд ва нишон дод, ки дар фазои таҳсилоти олӣ навигарӣ имконпазир аст.» Ба ақидаи коршиносон, худи инки имсол бозори «тағо»-кобъ дар мавсими имтиҳонҳзои дохилшавӣ мисли солҳои гузашта хеле доғ набуд ва ин мавсим то ҳадде ноаён гузашт, қобили арзёбист.

Бо ин ҳол, бино ба оморҳо, бо вуҷуди беш аз 37 000 курсии донишҷӯӣ, ки вазорат маориф ва илм дархост дода буд, танҳо 29 000 довталаб тавонистаанд аз имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ гузаранд. Амалан ин ба маъноест, ки тақрибан 8000 курсии донишҷӯӣ имсол холӣ мемонад. Ҳамин тавр, бештари довталабон имсол барои дохил шудан ба ихтисосҳои тиббиву ҳуқуқшиносӣ азм кардаанд ва шумори курсиҳои холӣ дар риштаҳои рейтингашон пасттаре, чун физика ё химия хеле зиёд аст. Ва ғолибан ин курсиҳои холӣ аз ҳисоби онҳое пур карда хоҳад шуд, ки ба донишгоҳи тиббӣ ва ихтисосҳои дигари мӯътабартар роҳ нахоҳанд ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG