Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсимоти довталабон ба ихтисосҳо шурӯъ шуд


Садҳо нафар дар назди Маркази миллии тестӣ ҷамъ омада, аз тағйири баҳои гирифтаи довталабон ва шеваи тақсими онҳо изҳори норозигӣ мекунанд.

Садҳо тан аз довталабону волидайни онҳо ба нишони эътироз дар назди Маркази миллии тестӣ ҷамъ омада, иддае шикоят доранд, ки Маркази миллии тестӣ дар аввал ба онҳо гуфтааст, ки холҳои заруриро ба даст овардаанд ва баъдан эълон кардааст, ки шумо нагузаштед. Иддаи дигар нисбати тақсимот шикоят доранд ва мегӯянд, онҳоро ба донишкадаҳое шомил кардаанд, ки намехоҳанд.

Маркази миллии тестӣ, вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 15 август, рӯйхатти довталабони тақсимшуда вобаста ба ихтисосу муассисаҳои таҳсили олии касбиро нашр кард. Ба гуфтаи масъулони Маркази миллии тестӣ, қарор аст, ин рӯйхат дар ду - се рӯзи оянда эълон шавад.

Шикояти довталабон аз амалкарди Марказ миллии тестӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, Маркази миллии тестӣ барои онҳое, ки дар тақсимоти тахассусӣ нагузаштаанд, ба таърихи 26 август озмун барпо мекунад. Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, довталабоне, ки аз рӯи ихтисосҳои интихоб кардаашон шомили донишгоҳ нашуданд, набояд ноумед шаванд. Зеро онҳо имконияти интихоби дигар ихтисосҳо ва сазовори номи донишҷӯ шуданро доранд.

Аммо ба гуфтаи масъулин, довталабон танҳо аз рӯи кластери 1, 2 ва 3 шомили донишгоҳ хоҳанд шуд. Зеро нақшаи қабули довталабон дар кластерҳои 4 ва 5 аксаран иҷро шудааст. Зимнан, дар марҳилаи бақайдгирӣ ва барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар маркази тестӣ ки довталабон аввалин бор тавассути он курсии донишҷӯиро соҳиб хоҳанд шуд, 52 ҳазору 626 нафар довлатабон сабти ном шуданд.

Оғози тақсими довталабон ба ихтисосҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:42 0:00

Аммо имтиҳонҳои тестиро танҳо 45 ҳазору 909 довталаб гузаштанд, ки аз ин теъдод 29 597 нафарашон сазовори холҳои гузариш гардида, 16 ҳазору 312 нафари дигар аз ин ҳақ маҳрум шуданд. Довталабҳо дар ҳоле барои шомил шудан ба донишгоҳҳои олӣ талош мекунанд, ки даҳҳо ҳазор хатмкардаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ҷойи кор надоранд ва бархе аз онҳо маҷбур мешаванд на аз рӯи ихтисос, балки имконият шуғле ба даст оранд.

XS
SM
MD
LG