Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи тирпарронӣ дар марзи Исфара то 10 феврал идома хоҳад кард


Як мақоми тоҷик мегӯяд, гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон таҳқиқи ҷузъиёти тирпарронии рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодкандро то 10 феврал идома хоҳанд дод.

Як узви тими музокиротии Тоҷикистон дар музокироти Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 6 феврал аз ҷониби кӣ оғоз шудани тирпарронии рӯзи 11 январро таҳқиқ мекунанд, имрӯз ба бозпурсии тамоми шоҳидони ҳодиса муваффақ нашудаанд ва ба қароре расидаанд, ки ин таҳқиқотро то 10 феврал идома диҳанд. Муайян кардани ҷонибе ки ба тирпарронӣ оғоз кард, мавзӯъи дувуми матрӯҳа дар рӯзномаи кори ин гурӯҳҳои корист.

Дар рӯзи аввали музокирот - 5 феврал - ба гуфтаи ин мақоми тоҷик, ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба ин натиҷа расидаанд, ки тирпаронии рӯзи 11-уми январ дар қаламрави Тоҷикистон ба амал омадааст, на дар марзи Қирғизистон. Ин намояндаи ҳайати музокиракунанда аз ҷониби Тоҷикистон субҳи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, натиҷаи тафтишоти якҷояи ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон дар маҳали даргирии сарҳадбонон дар марзи байни деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва рустои Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳамаҷониба нишон дод, ки ин воқеа дар қаламрави Тоҷикистон рух додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, бар асоси ин хулоса тамоми асноди лозима таҳия ва аз тарафи ҳарду ҷониб тасдиқ карда шудааст.

Натоиҷи рӯзи дувуми таҳқиқи гурӯҳҳо дар Исфара
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00
Линки мустақим

Рӯзи 5-уми феврал ҳайатҳои ду ҷониб аз соати 14-00 то 17-00 дар маҳалли ҳодиса - деҳаи Хоҷаи Аъло - нуқтаҳои оташкушоии сарҳадбонҳоро ченучӯб карда, бо фармондеҳони қисмҳои марзбонӣ дар Исфара ва Бодканд ва бо шоҳидони айнӣ мулоқот кардаанд ва ба гуфтаи як узви ҳайъати Тоҷикистон, дар натиҷа ба ҳамин хулоса расидаанд.

Аммо ин дар ҳоли ҳозир иддаои танҳо як узви ҳайъат аз тарафи Тоҷикистон ва касе аз ҷониби Қирғизистон ин иддаоро, ки тирпарронии 11 январ дар хоки Тоҷикистон сурат гирифта бошад, расман тасдиқ ё рад накардааст.

Тавре ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, имрӯз суоли дувум дар робита ба муноқишаи мусаллаҳонаи 11-уми январ мавриди таҳқиқ ҳайъатҳои дуҷониба қарор мегирад, яъне гулӯлаи тир аввал аз кадом ҷониб парронда шуд? Оё дар ин муноқиша аввал сарҳадбонони қирғиз оташ кушодаанд ва ё марзбонони тоҷик?

Дар робита ба ин масъала ҳайъатҳои кори худро имрӯз низ дар деҳаи Хоҷаи Аъло идома дода, бо сарҳадбононе, ки дар ин муноқиша бевосита ширкат доштаанд, суолуҷавоб анҷом дода хоҳад шуд.


Оғози музокирот аз ташхиси маҳалли тирпарронӣ

Яке аз намояндагони ҳайъати музокиракунанда рӯзи 5 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бо омадани ҳайъати Қирғизистон ба Исфара қарор ин шуд, ки ибтидо маҳалли тирпаррониро мушаххас кунанд, ки дақиқан қаламрави Тоҷикистон аст ё Қирғизистон? Ба ин далел намояндагони ду кишвар дар нимаи дуввуми рӯз ба канори деҳаи Хоҷаи Аъло, ба маҳалли посгоҳе,ки даргирии мусаллаҳона миёни сарҳадбонони тоҷику қирғиз рӯзи 11 январ дар ҳамин ҷо сар зада буд, омадаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, то замоне ки ин суол рӯшан нашавад, ҳайъатҳо баҳси масъалаи дувуми рӯзномаи мулоқот, яъне мавзӯъи қитъаи 4,5-километраи замин миёни рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух ва сохтмонни роҳи мошингарди баҳсии Оқсой - Тамдиқро шурӯъ нахоҳанд кард.

Музокироти гурӯҳҳои корӣ дар Исфара
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, Тоҷикистон ба Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки дар ивази ризоияташ ба сохтани роҳи Оқсой як қитъаи 4,5-километрии заминро ба Тоҷикистон диҳад, то тавассути он Ворух бо боқӣ қаламрави ноҳияи Исфара пайваст шуда, мақоми кунунии ҷазирақаламравиаш аз байн биравад. Бишкек то кунун ин пешниҳодро қабул накардааст.

Шералӣ Хайруллоев - намояндаи асосии Тоҷикистон дар музокироти Исфара

Вазири собиқи дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев раҳбари гурӯҳи корӣ дар музокироти масоили низомиву марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъйин шудааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 5 феврал хабар дод, ки ҳайъати Тоҷикистонро дар музокироти имрӯза дар Исфара раҳбари се гурӯҳи кории тозаташкилшуда намояндагӣ хоҳанд кард. Вазорат изҳори умед кардааст, ки ин 3 гурӯҳи корӣ "ба ҳалли масоили баҳсӣ ва таҳкими ҳамкории марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар фазои ҳусни ҳамсоягиву дӯстӣ мусоидат мекунад."

Гуфта мешавад, дар пайи мулоқоти муовинони сарвазирҳои Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Тоқон Мамитов, ки рӯзҳои 30-31 январ дар Бишкек доир шуд, барои иҷрои асноди тавофуқшуда дар ин нишаст се гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Дар хабари сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки аз ҷониби Тоҷикистон раҳбари гурӯҳи корӣ дар масоили низомиву марзиро вазири собиқи дифоъ ва ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили амниятӣ Шералӣ Хайруллоев таъйин шуда, гурӯҳи корӣ роҷеъ ба таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистонро аз тарафи Душанбе раиси Кумитаи давлатии идораи заминҳо ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров раҳбарӣ мекунад. Гурӯҳи сеюми корӣ масоили марбут ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро танзим хоҳад кард ва ба ин гурӯҳ аз ҷониби Тоҷикистон вазири нақлиёт Хайрулло Асоевро раҳбар таъйин кардаанд.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки сози аввалро аз тарафи Тоҷикистон дар музокирот Шералӣ Хайруллоев хоҳад зад, чун раҳбарии гурӯҳи асосӣ - гурӯҳи корӣ дар масоили низомиву марзиро ба ӯ супурдаанд. Хайруллоеви 67-сола, ки моҳи ноябр баъди 18 соли кор ба ҳайси вазири дифоъи Тоҷикистон бознишаста шуд, ҳамагӣ баъди ду моҳ бо оғози танишҳо дар равобити Душанбеву Бишкек бо интисобаш ба мақоми ёвари президент дар масоили амниятӣ ба ҳукумат баргашт. Бисёриҳо бо таваҷҷӯҳ ба сафари билофосилаи ӯ ба Исфара баъди интисобаш ба мақоми ёвари раисиҷумҳур мегуфтанд, ки богашти Шералӣ Хайруллоев ғолибан ба хотири истифода аз зарфиятҳои ӯ дар музокироти мушкил бо Қирғизистон бошад.

Шералӣ Хайруллоев собиқаи тӯлонии ширкат дар музокираҳо ба хотири ҳалли низоъҳоро дорад. Ӯ ҳанӯз дар тобистони соли 1992 ба ҳайси муовини вазири умури дохила тақрибан дар ҳамаи гуфтугӯҳои ҷонибҳои даргир дар водии Вахш ширкат дошт. Дар солҳои охир раҳбарии амалиётҳои вижа ва ҳамзамон музокирот бо гурӯҳҳои силоҳбадаст дар Рашт(солҳои 2009-2011) ва дар Хоруғ(соли 2012)-ро аз тарафи ҳукумат низ Шералӣ Хайруллоев бар ӯҳда дошт. Ҳарчанд баҳои соҳибназарон ба натиҷаҳои кори Хайруллоев ба унвони музокиракунанда чандон яксон нест.

Ҳайъати Бишкек дер мекунад

Ин дар ҳолест, ки гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мебоист имрӯз дар Исфара доир мешуд, аммо бинобар номусоидии обу ҳаво, ҳайъати Бишкек то кунун ба музокирот ҳозир нашудааст. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз бояд мулоқоти ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шавад. Ба гуфтаи ҷаноби Сангинов, ҳайати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Исфара қарор доранд, вале бинобар номусоидии обу ҳаво, ҳанӯз ҳайати тарафи кишвари ҳамсоя нарасидаанд.

Дар ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ёвари президент оид ба масоили амният ва дифоъ, вазири нақлиёт Хайрулло Асоев, раиси кумитаи замин ва геодезӣ Маҳмадтоҳир Зокиров ва муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов шомиланд.

Тавре мақомоти ҳукумати шаҳри Исфар мегӯянд, интизор мервад дар ин музокира масъалаи баррасиии қитъаи замин дар ҳудуди 4,5 километр аз деҳаи Хоҷаи Аъло то ҷамоати Ворух ва идомаи сохтони роҳи мошингард аз деҳаи Оқсай то Тамдиқ аз мавзуъҳои аслӣ хоҳад буд.

Охирин даври гуфтушуниди ҳайатҳои баландпояи Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ дар қароргоҳи давлатии Ало-Арча дар канори Бишкек баргузор шуд ва бо ин созиш ба поён расид, ки бояд ду кишвар ҷараёни таъин ва аломатгузории марзи муштаракро тезонанд ва аз муноқишаҳои эҳтимолӣ дар оянда пешгирӣ кунанд.

Дар изҳороти муштараки ду ҳайат гуфта мешуд, ки дар ин мулоқот тарафҳо таҳти раҳбарии муовинони сарвазирҳои ин ду кишвар Тоқон Мамитов ва Муродалӣ Алимардон роҳҳои ба эътидол овардани вазъеро баррасӣ карданд, ки баъд аз воқеаи тирандозӣ миёни ҳарбиёни ду кишвар рӯзи 11-уми январ ба миён омад: "Тарафҳо ба созиш расиданд, ки нерӯҳои иловагиеро, ки ду кишвар пас аз ин воқеа ба марзҳои худ фиристоданд, ақиб кашанд". Ҳамчунин тарафҳо бар сари "чораҳои мушаххаси ба эътидол овардани вазъ" низ ба созиш расида буданд.

Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар як муноқиша бар сари сохтмони роҳи Кӯктош - Оқсой – Тамдиқ дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ҷониби Қирғизистон қисмате аз он роҳро дар ҳудуди ноҷияи Исфараи Тоҷикистон месозад, ба тирпарронӣ печид ва 2 марзбони тоҷику 5 марзбону ва як плиси қирғиз захм бардоштанд. Дар пайи ин даргирӣ Бишкек марзҳояш бо Тоҷикистонро баста, сафирашро аз Душанбе фаро хонд ва сатҳи сафораташро пойин овард. Ҳамин тавр, вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Душанбе чаҳор нота фиристод

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД.
XS
SM
MD
LG