Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман бароварда шуданд


I
I

Дар ду ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар баробари шаҳрвандони ин кишвар, 17 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам хоки Яманро ба самти Маскав тарк карданд.

Рӯзи 2 апрел дар ду ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар баробари шаҳрвандони ин кишвар, 17 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам хоки Яманро ба самти Маскав тарк карданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммад Эгамзод хабар дод.

Ин иттилоъро сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирй низ тасдиқ кард.

Хабаргузории Интерфакс аз қавли намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Лукашевич хабар дод, ки дар ҳавопаймои аввал 167 нафар, аз ҷумла 60 кӯдак қарор доранд. Ин ҳавопаймо дар Қоҳира барои сӯзишворӣ ист карда баъдан шом дар шаҳри Маскав фуруд меояд.

Баъди ин ҳавопаймо бояд тайёраи дуюм ҳам аз фурудгоҳи Санъо нахуст барои гирифтани сӯзишворӣ ба Ҷибутӣ ва баъд ба Маскав меравад. Ҳарду ҳавопайморо шом дар шаҳри Маскав пешвоз мегиранд.

Аз ин пеш иттилоъ дода шуд, ки дар ҳавопаймои аввали русӣ аз Санъо гурӯҳи аввали 15-нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон бароварда мешаванд. Эгамзод мегӯяд, ки номнависи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо кӯмаки сафорати Русия бояд берун карда мешаванд, идома дорад.

Сафоратхонаи Тоҷикистон, ки дар назди он ситоди вижаи кӯмак ба шаҳрвандонашро дар Яман раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, ба маркази зиддибӯҳронии махсуси Вазорати умури хориҷаи Русия рӯйхати пурраи шаҳрвандонашро, ки дар Яман мунтазири кӯмак ҳастанд, ироа кардааст. Дар миёни онҳо асосан ходимони тиб мебошанд, ки тавассути ширкатҳои русӣ барои кор дар муассисаҳои тиббии Яман истихдом шудаанд. Шумори ин ходимони тиб тахминан 44 нафар ва ба иловаи аҳли хонаводаашон эҳтимолан то 100 нафарро ташкил медиҳад. «Мақомоти Русия барои берун баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман ва овардани онҳо ба шаҳри Маскав пурра мувофиқат кардаанд ва онҳо ҳамроҳ бо шаҳрвандони худ ва дигар кишварҳое, ки аз Русия чунин дархосте кардаанд, тоҷикистониёнро ҳам берун меоранд», таъкид кард Муҳаммад Эгамзод.

Айни замон, мақомот эътироф мекунанд, ки дар шароити ҳолати ҷангии давлати Яман, сарҷамъ овардани тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хостори тарки ин кишвар мебошанд, амри маҳол аст. Онҳо пароканда ҳастанд, дар манотиқи мухталиф зиндагиву кор мекунанд ва дар ҳолате, ки ҷанг аст, барои бисёри онҳо тай кардани масофаи 400-500 км роҳ барои сарҷамъ шудан дар як маҳал ба хотири нишастан ба ҳавопаймо амри маҳол аст. Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамкорони русашон дархост, кардаанд, ки барои пайдо ва сарҷамъ кардани ин гурӯҳҳои пароканади шаҳрвандон ва ба ҳавопаймо шинондани онҳо ҳам мусоидат кунанд.

Зимнан, дар як тамоси хеле мухтасари интернетӣ яке аз табибони тоҷик дар Яман, ки ба хотири бад шудани вазъи амниятӣ Санъоро тарк карда дар маҳалли амнтари дигар паноҳ ёфтааст, навишт, ки онҳо мунтазири омадани ҳавопаймо ҳастанд. Вале барояшон ҳанӯз мушаххас нест, ки кай ва бо кадом шароит онҳоро аз кишвар берун мекунанд. Дар миёни даҳҳо табиби тоҷик ва аҳли хонаводаи онҳо занҳо ва кӯдакон ҳам зиёданд.

Табиби тоҷик Гулшан Ҷаъфарова, ки аз соли 2011 дар Яман бо ихтисоси духтури ҷарроҳ кор мекунад, аксари ходимони тибе, ки дар ин кишвар кор мекунанд, аз рӯи садоқат ба касб ва шароити беҳтари даромад ба ин ҷо омадаанд. Бисёри онҳо ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон пушти сар кардаанд ва мушкилеро, ки ҳоло яманиҳо бо он рӯбарӯ шудаанд, хуб дарк мекунанд. Дар чунин шароити сангини ноамнӣ ҳам, гуфтд Ҷаъфарова, онҳо ба анҷоми кори касбии худ идома медиҳанд.

Муҳаммад Эгамзод низ мегӯяд, дар миёни табибони тоҷик, онҳое, ки бозгашт ба Тоҷикистонро рад кардаанд, «он кормандони тиб ҳам ҳастанд, ки масъулияти худро дар баробари «савганди Ҳиппократ» - яъне расонидани кӯмаки тиббӣ ба беморон дар сангинтарин шароит эҳсос мекунанд» ва ба ҳамин хотир тасмим гирифтаанд, ки мардуми Яманро дар шароити ҷанг танҳо нагузоранд.

Дар Яман эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ зидди шӯришиёни ҳутии шиамазҳаб меҷангад, ки бовар меравад, аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд. Дар паи ҷангҳо дар Санъо ҳафтае пеш раиси ҷумҳурии Яман Абдурабу Мансур Ҳодӣ аз кишвар фирор кард.

XS
SM
MD
LG