Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар давраи Ҷоми ҷаҳон дар Маскав


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” оид ба самбо дар Маскав ду медал ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки муовини сардовари ин мусобиқа буд, рӯзи 27-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар вазни то 57 кг ҷойи аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Ҳамчунин гуштигири дигари тоҷик Зафар Олимшоев дар вазни то 82 кг барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гаштааст.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ "дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ба хотираи яке аз поягузорони гуштии самбо Анатолий Харлампиев, ки рӯзҳои 25-26-уми март дар пойтахти Русия барои бори 35-ум баргузор шуд ва яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёфт, ҳудуди 300 варзишгар аз 29 кишвар ширкат доштанд. " Акмалиддин Каримов.

Акмалиддин Каримов.

Ширкаткунандагони мусобиқа дар ду навъи рақобатҳо – самбои варзишӣ (мардону занон) ва самбои размӣ (мардон) қувваозмоӣ карданд. Дар ин мусобиқа 10 паҳлавони тоҷик бо раҳбарии Муҳаммадшариф Сулаймонов, сармураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон, ширкат варзида, дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ соҳиби як медали тилло ва як медали биринҷӣ гардиданд.

Мусобиқаи XXXV байналмилалӣ, даври Ҷоми ҷаҳон «Ёдбуди Анатолий Харлампиев»

26-уми марти соли 2014, Москва, УСЗ «Дружба»

Самбои варзишӣ
Мардон


Вазни то 52 кг
1. Беимбет КАНЖАНОВ (Қазоқистон)
2. Болатбек РАЙИМҚУЛОВ (Қазоқистон)
3. Алексей КЛЮКИН (Русия) ва Николай ПАВЛОВ (Русия)
Вазни то 57 кг
1. Акмалиддин КАРИМОВ (Тоҷикистон)
2. Данил ПОНОМАРЕНКО (Русия)
3. Серик КАЙРАНБЕКОВ (Қазоқистон) ва Андрей КУРЛИПО (Беларус)

Вазни то 62 кг
1. Руслан БАГДАСАРЯН (Русия)
2. Александр СЛИВИН (Русия)
3. Роман КОЗЛОВ (Русия) ва Есет КУАНОВ (Қазоқистон)

Вазни то 68 кг
1. Владимир БАЛИКОВ (Русия)
2. Денис КОРОЛЁВ (Русия)
3. Дмитрий КЛЕТСКОВ (Русия) ва Александр БОНДАРЕВ (Русия)

Вазни то 74 кг
1. Степан ПОПОВ (Беларус)
2. Александр ШАБУРОВ (Русия)
3. Александр КОКША (Беларус) ва Юрий САЙФИДДИНОВ (Русия)

Вазни то 82 кг
1. Сергей КИРЮХИН (Русия)
2. Сергей РЯБОВ (Русия)
3. Зафар ОЛИМШОЕВ (Тоҷикистон) ва Тимофей ЕМЕЛЯНОВ (Беларус)

Вазни то 90 кг
1. Арсен ХАНДЖЯН (Русия)
2. Виктор ОСИПЕНКО (Русия)
3. Иван ОРЛОВ (Русия) ва Александр ГОРБАЛ (Русия)

Вазни то 100 кг
1. Дмитрий ЕЛИСЕЕВ (Русия)
2. Эдуард КУРГИНЯН (Русия)
3. Евгений СЁМОЧКИН (Беларус) ва Арслон АБДАМИТ (Қазоқистон)

Вазни беш аз 100 кг
1. Артём ОСИПЕНКО (Русия)
2. Юрий РИБАК (Беларус)
3. Магомед НАЗМИДДИНОВ (Русия) ва Максим ШИРЯЕВ (Русия)
XS
SM
MD
LG