Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон(КМИР) даъвои ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназароваро беасос хонд.

Ин ниҳод мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ бо намояндагони ситоди номзади ягонаи мухолифин бар асоси дастури КМИР амал кардаанд.

Рӯзи 18-уми сентябр ситоди интихоботии номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) дар як баёния шадидан изҳори нигаронӣ карда буд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар маъракаи ҷамъоварии имзо барои номзад ба мақоми президентӣ Ойниҳол Бобоназарова монеа эҷод мекунанд. Раисони бархе навоҳӣ аз масъулини ИНИТ талаб кардаанд, ки баробари имзоҳо мактуб низ биоранд.

Аммо Абдураҳмон Додоев, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) рӯзи 19 сентябр гуфт, масъулини ИНИТ қарори КМИР аз 31 августро сарфи назар кардаанд. Вай афзуд, дар ин қарор омадааст, ки вақте намояндагони аҳзоб назди раисони навоҳӣ мераванд, ҳатман мактуби раиси гурӯҳи ташаббускорро бо худ дошта бошанд. Вай афзуд, гурӯҳи ташаббускорро худи ситодҳои номзадҳо дар ҳамаи вилоятҳо муайян мекунанд ва онҳо ҳуқуқ доранд, ки тариқи мактуб ҳар нафари мавриди назарашонро ба маъракаи интихоботӣ сафарбар кунанд. Аммо раиси дастгоҳи КМИР мегӯяд, намояндагони ИНИТ ҳамон мактубро дар даст надоштаанд ва аз ин хотир, ба мушкил дучор омадаанд.

ИНИТ ҳанӯз 17 сентябр, рӯзе, ки анҷумани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) баргузор шуд ва Ойниҳол Бобоназароваро номзад интихоб кард, аз КМИР варақаи иҷоза барои ҷамъоварии 210 ҳазор имзоро, ки қонуни интихоботи президентӣ талаб мекунад, ба даст оварда буд. Ситоди ИНИТ хабар дода буд, ки дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, Турсунзода ва Хуросон намояндагони онҳо бо чунин мушкил дучор омада буданд.

Ситоди интихоботии номзади ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова дар қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе воқеъ буда, раисии онро Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ба зимма дорад. Муовини ахирӣ Маҳмудҷон Қосимов, муовини раиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав таъйин шудааст.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои сабти номзади худ бояд то 7-уми октябр дастикам 210 ҳазор имзо ҷамъ биоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG