Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин интихоботи "чандҳизбӣ" дар Туркманистон


Дар Туркманистон раъйдиҳӣ дар нахустин интихоботи прарлумонии чандҳизбӣ дар таърихи ин кишвари пасошӯравӣ идома дорад.

Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон мегӯяд, то соати 17 ба вақти маҳаллӣ мизони ширкат дар интихоботи парлумонии рӯзи 15 декабр ба 87,66 дарсад расид ва интихоботро метавон баргузоршуда шумурд. Ба ҳисоби ин ниҳод, алакай тайи 4 соати аввали раъйгирӣ аз 3 миллиону 63 ҳазор интихобкунанда алакай 46 дарсад, ё 1,37 миллионаш дар интихобот ширкат кардаанд. Раъйгирӣ соати 7 субҳ оғоз ёфта, то соати 19 давом мекунад.

Барои касби 125 курсии парлумони якмаҷлисии Туркманистон дар интихоботи рӯзи 15 декабр 283 номзад сабти ном шудаанд. Аҳзоби мухолифро ба ин маърака роҳ надодаанд, вале барои бори аввал дар таърихи ин кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ барои курсиҳои парлумонӣ номзадҳо аз ду ҳизб вориди мубориза шудаанд.

Тибқи гузориши Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон, аз ҳизби ҳокими демократ, ки то кунун яккатоз буд, ба ин интихобот 99 номзад, аз ҳизби ходимони саноат ва соҳибкорон 21 номзад, аз иттифоқҳои касаба 89 номзад, аз Иттиҳоди занон 37 номзад, аз созмони ҷавонони ба номи Махтумқулӣ 22 номзад ва аз тарафи гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон 15 номзад пешбарӣ шудаанд.

Мақомот мегӯянд, барои таъмини ширкати саросарии мардум дар нахустин интихоботи парлумонии чандҳизбӣ дар Туркманистон 2446 қитъаи интихоботӣ, аз ҷумла 33 қитъа дар хориҷи кишвар, таъсис додаанд. Ҷараёни интихоботи Туркманистонро 2500 нозири маҳаллӣ ва ҳамчунин нозирон аз САҲА ва СНГ назорат мебаранд. САҲА, ки дар интихоботҳои қаблии Туркманистон танҳо бо эъзолми гурӯҳи коршиносонаш ҳузур дошт, ин дафъа барои бори аввал як ҳайъати иборат аз 15 нозирро фиристодааст. Як ҳайъати дигар аз Маҷмаъи парлумонии САҲА низ ба хотири назорати интихоботи Туркманистон дар ин кишвар қарор доштаанд.

Яке аз ҳайкалҳои Ниёзов

Яке аз ҳайкалҳои Ниёзов

Дар Туркманистон то ҳол ягон интихоботе сурат нагирифтааст, ки нозирони ғарбӣ ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи озоду демократӣ эътироф карда бошанд. Зимоми ҳукумати ин кишварро то замони маргаш дар соли 2006 тайи 21 сол Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ бар ӯҳда дошт, ки як низоми ҳатто дар байни давлатҳои худкомаи Осиёи Марказӣ фарқкунандаи парастиши шахсияти худро ба роҳ монда буд.

Дар он аҳд сохтани ҳайкалҳои тилоии Туркманброшӣ ба номи ӯву волидонаш гузоштани исми шаҳрҳову хиёбонҳои асосӣ ва ҳатто каналҳову номи моҳҳову рӯзҳои ҳафта як амри маъмул шуда буд. Ниёзов парлумонро ҳам аз байн бурда, дар ивазаш бо номи Халқ Маслиҳатӣ ниҳоде таъсис дода буд, ки вакилонашро аз ҳисоби афроди солманду собиқадор ва фиристодаҳои маҳалҳо асосан ӯву мақомоти давлаташ таъйин мекарданд.

Вориси ӯ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов батадриҷ хеле аз мероси шахспарастии Ниёзовро аз байн бурд. Аз ҷумла исмҳои маъмулии моҳҳо ва рӯзҳои ҳафтаро баргардонд, чанд ҳайкали Туркманбоширо ба маконҳои назарногиртар кӯчонд ва бар асоси тағйирот ба Қонуни асосӣ дар соли 2008 Халқ Маслиҳатиро барҳам дода, салоҳиятҳои парлумонро барқарор кард ва шумори курсиҳои Маҷлисро аз 65 то 125 афзуд. Дар ин миён ҷои парастиши шахси Ниёзовро парастиши шахси худи Бердимуҳаммадов гирифт, ки ӯро алакай Арқадаг, яъне Пушту паноҳ лақаб додаанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Охирин қадами “ислоҳталабона”-и Бердимуҳаммадов додани иҷозат ба таъсиси ҳизби дувум дар канори ҳизби ҳокими демократ буд. Дар моҳи феврали соли 2012 таҳрири нави қонуни аҳзоби сиёсии Туркманистон тасвиб шуд, ки имкони таъсиси аҳзоби нав дар баробари ҳизби ҳокимро фароҳам меорад. Ва дар тобистони соли 2012 ҳизби ходимони саноат ва соҳибкорони Туркманистон зуҳур кард, ки имрӯз дар баробари ҳизби ҳокими демократ барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ иҷозат пайдо кардааст.

Аммо мунтақидон мегӯянд, таъсиси ин ҳизб танҳо ба хотири гӯё чандҳизбӣ ва демократӣ ҷилва додани низоми сиёсии Туркманистон буда, дар асл ҳизби ҷадид як ҳизби кисагии ҳукумати кунунии ин кишвари худкома аст. Ҳизби ходимони саноат ва соҳибкорон дар барномааш низ рӯи ин нукта таъкид кардааст, ки ҳизби оппозитсионӣ нест, сиёсати раҳбари давлатро комилан пуштибонӣ мекунад, вале барои “ба қуллаҳои тозаи пешрафт баровардани Туркманистон, таҳкими пойдевори истиқлол ва демократия мубориза мебарад.”

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG