Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ: "Мурофиаи Ёров идома дорад"


Додгоҳи олии Тоҷикистон ба се соли иловагӣ маҳкум шудани вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро рад кард. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 16 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ дар нисбати Бузургмеҳр Ёров идома дорад ва хабарҳо дар мавриди ба се соли дигар маҳкум шудани ӯ беасос мебошанд. Бар асоси иттиҳоми нави додситонӣ, Бузургмеҳр Ёров барои “беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият”, муттаҳам мешавад.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри соли гузашта вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққати вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, инқарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, ба гуфтаашон, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд. Худи Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳам мегӯянд, ки ҳукми ӯ посух ба ташаббуси таъсиси кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ буда, дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Ҳизби наҳзати исломӣ баъди ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода сентябри соли 2015 мамнӯъ ва 13 узви раёсаташ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG