Пайвандҳои дастрасӣ

Қудои хонаводаи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, ҳаққи ифтитоҳи тарабхонаи "Макдоналдс" дар пойтахти он кишварро ба даст овард ва ин ресторан рӯзи 8 март ба кор оғоз мекунад.

Нахустин ресторани ғизои зудпӯхти амрикоии McDonald's дар қаламрави Осиёи Марказӣ рӯзи 8 март дар пойтахти Қазоқистон дарҳояшро ба рӯи муштариён боз хоҳад кард. Дар ин бора Ғайрат Боронбоев, соҳибкоре, ки ҳаққи ифтитоҳи ин шабакаро ба даст овардааст, дар як нишасти хабариаш дар Маскав хабар дод. Боронбоев гуфт, ки ҳар як ресторани McDonald's барои 206 муштарӣ пешбинӣ шуда, барои беш аз 200 нафар ҷойи кор боз мекунад.

Духтари Боронбоев келини набераи президент Нурсултон Назарбоев мебошад. Ин соҳибкор гуфтааст, ки барои бунёди ресторани амрикоӣ 3,5 миллион доллар харҷ кардааст. То соли 2019 дар саросари Қазоқистон қарор аст 15 ресторани McDonald's ба фаъолият пардозад. Ресторани навбатӣ 1 июл дар шаҳри Алматӣ боз мешавад.

Шореҳи масоили Қазоқистон дар Озодӣ Мерҳат Шарифҷонов мегӯяд, ки ифтитоҳи шабакаи McDonald's дар Қазоқистон бештар як тасмими сиёсӣ аст, ки бо ризояти худи Назарбоев ҳосил шудааст. Ӯ гуфт, талошҳо барои бо бренди McDonald's ворид шудан ба бозори ғизоҳои зудпӯхти Қазоқистон аз ҷониби соҳибкорони қазоқ аз дер боз идома дошт.

Аввалин талошҳо ҳанӯз дар солҳои суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, якбора баъди ба Русия дар соли 1990 боз шудани нахустин нуқтаи McDonald's

Мерҳат Шарифҷонов

Мерҳат Шарифҷонов

карда шуд, вале бо сабаби зиёд будани рақобат дар бозори дохилии Қазоқистон иҷозати вурудро дарёфт накард. Он солҳо, мегӯяд Шарифҷонов, ин бозорро асосан тарабхонаҳои ғизоҳои зудпухти кореягиву туркӣ ва ҳам миллӣ назорат мекарданд. Вале ҳоло, мегӯяд ӯ, боз шудани роҳи McDonald's ба Қазоқистон ба таҳаввулоти сиёсии ҷаҳон ва ихтилофҳои миёни Русияву ИМА рабт мегирад.

Вай гуфт: “Чаро McDonald's маҳз имрӯз боз шуд? Назарбоев як раҳбари эҳтиёткор аст. Вале ин амалаш дуруст баръакси корест, ки дар Русия мегузарад. Дар Русия ҳоло ҳам McDonald's ва ҳам дигар сохторҳои амрикоӣ, асосан ташкилоти шаҳрвандиву маблағгузорони созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигарҳо таҳти фишор ҳастанд. Соли гузашта вақте Медведев ба Қазоқистон сафар карда буд, худи ҳамон рӯз як додгоҳ шаҳрванди Қазоқистонро барои ширкат дар ҷангҳои Донбасс ба зиндон андохт.

Ин чӣ маъно дошт? Бо вуҷуди узви созмони АвруОсиё ва як шарики муҳими стратегӣ будани Қазоқистон бо Русия, ҳар сари чанд ин кишвар гуфтан мехоҳад, ки дар равобити онҳо масоили мавриди ихтилоф вуҷуд дорад. Ҳангоми раъйдиҳӣ дар Шӯрои амнияти СММ дар масъалаи эътирофи ғасби Қрим аз тарафи Русия, Назарбоев дар овоздиҳӣ ширкат накард. Яъне ӯ гуфтан мехост, ки истиқлолият дахлнопазир аст. Аз ин рӯ, ман мутмаинам, ки қарори боз шудани McDonald's сиёсӣ аст”.

Мерҳат Шарифҷонов гуфт, ки Назарбоев бо чунин рафторҳои дугонааш мехоҳад ба ҷаҳони фаротар аз Русия - Ғарбу Аврупо ҳам паём диҳад, ки ӯву Қазоқистонро ба унвони бозигарони мустақили сиёсӣ, на зердасти Русия арзёбӣ ва дар тасмимгириҳои геостратегӣ сараш ҳисоб кунанд.

McDonald’s Corporation як ширкати азими пешниҳоди ғизои зудпухт аст, ки соли 1940 дар Амрико аз ҷониби бародарон Дик ва Мак Макдоналдсҳо таъсис шуд. То соли 2009 аллакай ба 118 кишвари ҷаҳон роҳ ёфт ва феълан баъди Subway дуюмин ширкати азимтарини ғизои зудпухт дар ҷаҳон аст. Соли 2008 даромадаш 23,5 миллиард долларо ташкил дод. Аз рӯи муқаррарот ба шаҳрҳое роҳ меёбад, ки аҳолиаш аз як миллион нафар зиёд аст.

Маъруфияти McDonald’s дар он аст, ки ҳамбургеру картошкабирёни зудпухтро бо қимати дастрас пешниҳод мекунад. Дар тамоми муддати фаъолияташ дар баробари Coca-Cola ба як рамзи фарҳангу зиндагии амрикоӣ табдил шуд ва ба ҳамин хотир ҳам, гоҳо, дар авҷи эътирозҳои зиддиамрикоӣ, тарабхонаҳои ин ширкат аввал шуда зери зарба мемонанд.

Дар авҷи ихтилофҳои сиёсии Русияву Амрико дар соли 2014, дар чанд шаҳри Русия, аз ҷумла Маскав, Екатеринбург, Сочи ва дигарҳо 8 тарабхонаи ин ширкат баста шуд. Баҳонаи “Роспотребнадзор” дар пешниҳоди ғизои носолим ва риоя нашудани меъёрҳои санитарӣ буд, вале ба эътимоди таҳлилгарон, ин посухе ба таҳримҳои иқтисодии Амрико болои Русия бо сабаби шурӯи ҷанг дар Украина ва ҳам ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Кремлин будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG