Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се дастаи Лигаи якум ба Лигаи олӣ роҳхат гирифтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба анҷом расид.

Дастаи "Панҷшер" бо вуҷуди он ки дар бозии даври охирин дар майдони худ аз тими меҳмон - “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ бо ҳисоби 2-3 мағлуб гашт, бо 59 имтиёз ғолиби мусобиқа шуд.

Дастаҳои “Саройкамар” ва “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ 55-имтиёзӣ ба даст оварданд. Бо назардошти натоиҷи бозиҳо миёни ҳарду “Саройкамар” дувум ва “Ҳулбук” севум шуданд.

Бар асоси регламент ё дастури мусобиқа ҳарсе дастаи пешсаф - “Панҷшер”, “Саройкамар” ва “Ҳулбук”ҳуқуқ пайдо карданд, ки соли оянда дар мусобиқаи Лигаи олӣ бозӣ кунанд.

Натоиҷи бозиҳои даври 26-ум:

СКИФ - «Локомотив» - 0-0 (техникӣ)
«Файзобод» - «Бохтар» - 0:5
«Пахтакор» - «Ҳулбук» - 0-3 (техникӣ)
«Ситора» - «Кӯктош» - 0:1
«Самар» - «Сабо» - 3-0 (техникӣ)
«Панҷшер» - «Саройкамар» - 2:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбасти мусобиқа:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Панҷшер" (Румӣ)

24

19

2

3

85-33

59

2.

Саройкамар” (Панҷ)

24

18

1

5

72-32

55

3.

"Ҳулбук" (Восеъ)

24

18

1

5

64-29

55

4.

"Ситора" (Рӯдакӣ)

24

18

0

6

46-17

54

5.

"Кӯктош" (Рӯдакӣ)

24

17

3

4

48-22

54

6.

"Бохтар” (Бохтар)

24

14

3

7

52-30

45

7.

"Самар” (Восеъ)

24

12

4

8

43-33

40

8.

"Барқ" (Норак)

24

7

1

16

33-57

22

9.

"Сабо” (Шаҳринав)

24

5

1

18

25-54

16

10.

СКИФ (Душанбе)

24

3

4

17

24-59

13

11.

“Файзобод” (Файзобод)

24

4

0

20

24-66

12

12.

“Пахтакор” (Қабодиён)

24

3

3

18

16-49

12

13.

Локомотив” (Душанбе)

24

2

1

21

14-65 7


Голзанҳои беҳтарин: Абдуҳалим Боронов (“Панҷшер”) - 21 тӯб, Наим Каримов («Панҷшер») - 16 тӯб, Саймурод Юнусов (“Панҷшер”) - 14 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) - 11 тӯб.
XS
SM
MD
LG