Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври 24-уми мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр баргузор шуданд.

Дастаи “Ситора”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар майдони худ бар тими “Бохтар”-и ноҳияи Бохтар бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, мисли пешин бо 54 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал аст.

Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки бар тими меҳмон - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, бо 53 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.

Дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, ки бидуни бозӣ бо СКИФ-и Душанбе бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд, бо 49 имтиёз дар ҷойи севум мебошад. СКИФ (Бошгоҳи варзишии Донишкадаи варзиш) аз мусобиқа хориҷ шудааст.

Дастаи “Файзобод”-и ноҳияи Файзобод дар майдони худ аз тими “Барқ”-и шаҳри Норак бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Бозии охирини даври 24-ум миёни ду дастаи ноҳияи Восеъ - “Самар” ва “Ҳулбук” рӯзи 31-уми октябр баргузор мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Ситора" (Рӯдакӣ) 22 18 0 4 45-14 54
2. анҷшер" (Румӣ) 21 17 2 2 78-29 53
3. Саройкамар” (Панҷ) 22 16 1 5 66-30 49
4. "Ҳулбук" (Восеъ) 21 16 1 4 58-26 49
5. "Кӯктош" (Рӯдакӣ) 22 15 3 4 44-22 48
6. "Бохтар” (Бохтар) 21 12 3 6 43-28 39
7. "Самар” (Восеъ) 21 10 4 7 38-29 34
8. "Барқ" (Норак) 23 6 1 16 30-57 19
9. "Сабо” (Шаҳринав) 22 5 1 16 25-48 16
10. СКИФ (Душанбе) 22 3 4 15 24-56 13
11. “Файзобод” (Файзобод) 23 4 0 19 24-61 12
12. “Пахтакор” (Қабодиён) 22 3 3 16 16-43 12
13.
Локомотив” (Душанбе)
22
2
1
19
14-62
7
Голзанҳои беҳтарин: Абдуҳалим Боронов (“Панҷшер”) - 19 тӯб, Наим Каримов («Панҷшер») - 16 тӯб, Саймурод Юнусов (“Панҷшер”) - 14 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) - 11 тӯб.

Даври 25-ум
5-уми ноябр (душанбе)
Оғози бозиҳо соати 14.00
“Панҷшер” - “Бохтар”
«Бохтар» - «Пахтакор» - 3:0 (техникӣ)
«Сабо» - «Панҷшер» - 0:3 (техникӣ)
«Кӯктош» - «Самар»
«Ҳулбук» - «Ситора»
«Саройкамар» - «Локомотив» - 3:0 (техникӣ)
«Барқ» - СКИФ – 3:0 (техникӣ)

Эзоҳ: дастаҳои “Сабо”-и Шаҳринав, “Локомотив”-и Душанбе, “Пахтакор”-и Қабодиён ва СКИФ-и Душанбе аз мусобиқа хориҷ шудаанд. Рақибони онҳо дар бозиҳои оянда бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста мешаванд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG