Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаи “Энергетик” бар ССКА "Помир"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи “Энергетик”-и Душанбе бар тими КМВА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон 4-уми октябр дар Варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҳарду гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 54-ум ҳисобро боз кард. Абдусамад Ҳоҷибоев дар дақиқаи 85-ум голи дувумро ба самар расонд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 41 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Тими “Равшан”-и Кӯлоб, муддаии дигари унвони қаҳрамони Тоҷикистон, бо 40 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо 33 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки аз ҳама камтар – 13 бозӣ анҷом додааст бо 29 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. “Истиқлол” низ бо рақибони аслиаш - “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” барои медалҳои тиллои мусобиқа мубориза мебарад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:


Ҷ


Дастаҳо


Б


Ғ


М


Б


Т


И

1.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

13

2

1

37-11

41

2.

«Равшан» (Кӯлоб)

16

13

1

2

25-6

40

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

16

10

3

3

29-18

33

4.

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

2

2

32-8

29

5.

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

16

8

2

6

33-22

26

6.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

15

7

2

6

20-12

23

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

6

2

8

22-26

20

8.

«Энергетик» (Душанбе)

16

5

5

6

22-20

20

9.

КМВА “Помир” (Душанбе

17

5

4

8

16-21

19

10.

“Истаравшан» (Истаравшан)

17

5

3

9

25-34

18

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

16

4

1

11

16-35

13

12.

«Гвардия» (Душанбе)

16

2

0

14

9-42

6

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

16

1

3

12

17-48

6



Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 11 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Асадулло Бобоҷонов, Мансур Ҳакимов (ҳарду - «Парвоз»), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»)- 9-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 19-ум:

8-уми октябр (душанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15.00
«Парвоз» - «Равшан» (Варзишгоҳи «Фурудгоҳ»)
«Вахш» - «Истаравшан» (Варзишгоҳи «Пахтакор»)

9-уми октябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15.00

«Гвардия» - «Энергетик» (Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати дифоъ)
«Регар-ТадАЗ» - «Зарафшон» (Варзишгоҳи «Металлург»)
КМВА «Помир» - «Истиқлол» (Варзишгоҳи марказӣ)
«Хуҷанд» - «Ҳосилот» (Варзишгоҳи “Спартак”)
XS
SM
MD
LG