Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умаралӣ Қувватов: Маро ба Душанбе бурда натавонистанд


Умаралӣ Қувватов дар як тамоси видеоӣ ба Озодӣ гуфт, дар озодӣ ва дар як ҷои амн қарор дошта, дар садади дарёфти паноҳандагии сиёсӣ дар яке аз кишварҳои дунёст.

Рӯзи душанбе дар як тамоси видеоӣ бо Радиои Озодӣ Умаралӣ Қувватов-соҳибкори тоҷик иброз дошт, ки ӯ аз зиндони Дубай раҳо шудааст ва ҳоло мунтазир аст, ки дар яке аз кишварҳо ба ӯ ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ диҳанд. Ӯ гуфт, сарфи назар аз талошҳои зиёди ҳукумати Тоҷикистон, ки мехост ӯро бо айбномаи сохта ба Тоҷикистон интиқол диҳанд, мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон худдорӣ карданд. Қувватов мегӯяд, ки рӯзҳои наздик омода хоҳад шуд, то ба ҳама суолҳои Радиои Озодӣ ва хонандагонаш посух диҳад.

Қувватов, ки худро Раҳбари Гурӯҳи 24 мехонад, баъди 9 моҳи боздошт, рӯзи 26 сентябри соли 2013 аз боздошт дар Имороти Муттаҳидаи Араб раҳо ёфт. Умаралӣ Қувватов 23 декабри соли 2012 дар Дубай бо дастури Интерпол дастгир шуда буд. Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба дунбол изҳор доштанд, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми сирқати 6 миллион сомонӣ, ё беш аз 1,2 миллион доллар аз ширкати “Фароз” парванда кушодаанд ва таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Умаралӣ Қувватов дар гузашта аз раҳбарони ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз” – ду ширкати пештоз дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистон буд. Ин ширкатҳоро ба Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон марбут медонанд.

Қувватов баъди барканориаш аз раҳбарии ин ширкатҳо тарки Тоҷикистон кард ва тобистони соли 2012 дар Маскав аз таъсиси як гурӯҳи сиёсӣ бо номи Гурӯҳи 24 хабар дод. Ӯ ба тундӣ аз сиёсатҳои давлати Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекард ва чанд дафъа аз раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон тақозо кард, ки номзадиашро дар интихоботи соли 2013 нагузорад.

Дар Тоҷикистон алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ кушоданд ва ҳамзамон як гурӯҳи табибон, ки иддао доштанд, дар вазорати тандурустии Тоҷикистон кор мекунанд, ба матбуот гуфтанд, ки Умаралӣ Қувватов бемории рӯҳӣ дорад. Аммо худи Қувватов ин ҳамаро башиддат радд карда, мегуфт, Душанбе аз ӯ барои фаъолиятҳои сиёсиаш интиқом мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG