Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигори тоҷик ва хабарнигори Би Би Си дар Тоҷикистон баъди мураххас шудан аз бемористон ба саволҳои Озодӣ посух дод

Вай ин суханонро шоми рӯзи душанбе дар нахустин мусоҳибаи матбуотиаш бо радиои Озодӣ баён дошт. Вай ба нахустин суол дар бораи вазъи саломатиаш гуфт:

Фирӯз: Дар ҳамин ду се рӯзи ахир каме беҳтар шуд. Чанд ҷарроҳӣ анҷом доданд ва баъд аз он вазъам ҳоло каме беҳтар шудааст.

Озодӣ: Баъд аз шифо ёфтан ҳатман ба кори худ бармегардед?

Фирӯз: Ҳатман, ҳамин хел мақсад дорам, ки ҳар чӣ зудтар аз ин ҳолат берун оям ва аз паи кори худ шавам. Аз бекорӣ хаста ҳам шудаам...



Озодӣ: Кори рӯзноманигориро ёд накардед?

Фирӯз: Хеле, хеле.... Сахт ёдаш кардам. Тӯли ин чанд сол, ки шуғли асосиам ҳамин хабарнигорӣ буд..., бидуни он барои хабарнигор сахт будааст.

Озодӣ: Кай ба кори худ бармегардед?

Фирӯз: Муттаассифона, ҳоло гуфта наметавонам, шояд баъди ду ҳафта, шояд баъди як моҳ...

Озодӣ: Ҳоло худатон мустақилона роҳ меравед?

Фирӯз: Амалиёт хуб гузаштааст, вале ҳанӯз муваффақ нашудаам, ки худам битавонам роҳ биравам.

Сӯҳбати мо бо ҳамин суханон поён ёфт, чун пизишкон ба Искандари Фирӯз иҷозат надодаанд, ки мусоҳибаҳои матбуотӣ анҷом диҳад ва ё бо дӯстонаш, ки ба дидораш меоянд, мулоқот кунад.

Ба ин далел мо наметавонистем дар бораи парвандаи ҳодисаи нақлиётии 9 октябр назари худи Искандарро бигирем. Пайвандонаш низ гуфтанд, ки ҳоло дар бораи ин ҳодиса сӯҳбат кардан барои вай зуд аст ва мумкин аст ёдоварӣ аз он ҳодиса ба ҷараёни барқароршавии вазъи саломатиаш таъсири манфӣ гузорад.

Искандари Фирӯз баъд аз беҳбудии вазъи саломатияш аз бемористони Ибни Сино мураххас шуда акнун ба хонааш баргаштааст ва ҳоло дар хона низ зери назари пизишкон қарор дорад.

Искандар шаби 9-уми октябри соли гузашта ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншер дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, чанд муддат дар ҳолати кома ё беҳушӣ дар бемористони Қарияи Боло қарор дошт. Баъд аз он ки вай ба ҳуш омад, ӯро барои ҷарроҳии пойҳояш, ки дар вақти садама осеб дида буданд, ба бемористони Ибни Сино оварданд.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар оғоз гуфтанд, ки дар ин қазия Айёмиддин Раҳмиддинзода муттаҳам аст. Баъдан, онҳо номи Насрулло Шарифовро баён доштанд, ки бидуни ваколатнома, худрави Айёмиддинро идора мекард ва ба садама дучор шудааст.

Моҳи декбари соли 2012 додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Насрулло Шарифовро дар садамаи Искандари Фирӯз муттаҳам дониста, ӯро ба се солу се моҳ дар "колонияи сукунатӣ" ҳукм кард. Наздикони Искандари Фирӯз ин ҳукмро "одӣ" хонданд ва вакили дифои ӯ хост, барои нафари зери ҳимояаш беш аз 90 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG