Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати чинии CNG хабар дод, ки ҳафтаи гузашта нахустин хиштҳои  тило аз маъдани кони тилои Покрӯди Тоҷикистон рехта шудааст.

Ширкати чинии China Nonferrous Gold Limited (CNG) се сол баъд аз оғози фаъолият дар кони тилои Покрӯди Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 29 декабри соли 2015 нахустин хиштҳои тило (gold ingots) аз маъдани истихроҷшуда аз ин кони тилоро рехтаанд. Ву Чанг, мудири ширкати CNG бо эълони ин хабар гуфт, “ин як нуқтаи муҳим дар таърихи тарҳи Покрӯд ба шумор рафта, самараи талошҳои сахту корҳои бузургест, ки мо ба хотири мевадор шудани кони тилои Покрӯд ба харҷ додем.”

Ву Чанг афзудааст, ки онҳо умедворанд, ки “бозорро аз афзоиши бештари тавлиди тило дар ояндаи наздик хабардор кунанд.

Дар ширкати “Покрӯд” дар Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари рехта шудани нахустин хиштҳои тило дар кони Покрӯдро тасдиқ карданд. Онҳо мегӯянд, ин ширкат метавонад солона то 2 тонна тило тавлид кунад ва аз соли 2018 ҳаҷми тавлиди тилоро ба 4 тонна дар сол бирасонад. Барои муқоиса, солона аз ҷамъи конҳои Тоҷикистон ҳудуди 2,5 тонна тило истихроҷ мешавад.

Захираи тилои кони тилои Покрӯд, воқеъ дар дараи Ромит, дар тақрибан 120-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, тақрибан 4,7 миллион унсия ё ҳудуди 134 тонна баровард мешавад. Саҳмияҳои кони Покрӯд дар моҳи январи соли 2012 саддарсад дар ихтиёри ширкати чинии CNG қарор гирифт. Ин ширкат дар сомонаи расмиаш менависад, ки барои коркарди маъдани кони Покрӯд аз вазорати саноати Тоҷикистон то 2 ноябри соли 2030 муҷаввиз (лисензия) гирифтааст.

CNG танҳо ширкати Чин нест, ки дар риштаи истихроҷи тило аз конҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ивази сохтани маркази гармидиҳии Душанбе як кони тило дар ноҳияи Айниро дар ихтиёри ширкатҳои Чин мегузорад.

Аммо нахустин ширкати чинӣ дар саноати истихроҷи тилои Тоҷикистон Zijin Mining Group аст, ки дар соли 2007 75 дарсади саҳмияҳои кони тилои Зарафшон дар ҳудуди ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғдро аз як ширкати Бритониё ба даст овард. 25 дарсади боқимондаи саҳмияҳои корхонаи муштараки “Зарафшон” дар дасти ҳукумати Тоҷикистон аст.

Аз ин рӯ, тавре худи ширкати CNG дар сомонааш иддао мекунад, ин ширкат нахустин сармоягузори хориҷист, ки 100 дарсади саҳмияҳои як кони тилои Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Масъулони ширкат мегӯянд, дар соли 2014 ба хазинаи давлати Тоҷикистон ба мабалғи 1 миллиону 859 ҳазору 728 сомонӣ андоз аз даромад супурдаанд.

Истихроҷи тило як риштаи муҳим дар саноати маъдани Тоҷикистон ба шумор меравад. Тавлидоти корхонаҳои тило бахусус барои такмили захираи тилову асъори кишвар - як омили умдаи таъмини суботи қурби пули миллӣ - пураҳамият ном бурда мешавад.

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 15 кони тилои захираҳояшон мушаххасшуда вуҷуд дорад. Бино ба иттилои идораи “Геологияи тоҷик”, ҷамъи захираҳои ин 15 кон, ки аксаран дар шимоли Тоҷикистон ва дар кӯҳистони Помир ҷойгир шудаанд, ҳудуди 400 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар канори ширкатҳои хориҷӣ дар саноати истихроҷи тилои Тоҷикистон чанд ширкати маҳаллӣ, аз ҷумла “Тилои тоҷик” ва “Одина” низ амал мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG