Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси нахустин Академияи актёрӣ ва овозхонӣ дар Тоҷикистон


Сулаймон Сафаров, муассиси Академияи ҳунарпешагӣ ва овозхонӣ бо сарояндаи тоҷик Ҷонибек Муродов

Сулаймон Сафаров, муассиси Академияи ҳунарпешагӣ ва овозхонӣ бо сарояндаи тоҷик Ҷонибек Муродов

Орзуи овозхони ҳирфаӣ будан, ситораи пурҷило шудан ва нақшофарӣ дар беҳтарин филмҳои дохиливу хориҷӣ, дар 3 рӯзи охир 30 ҷавонро ба нахустин Академияи ҳунарпешагӣ ва овозхонӣ овард.

Дар Тоҷикистон, ки солҳои ахир ҷавононаш ҳарчи бештар ба филмсозиву нақшофарӣ дар синамо майл нишон медиҳанд, барои аввалин бор Академияи ҳунарпешагӣ ва овозхонӣ таъсис ёфт. Муассиси он Сулаймон Сафарови 28-сола баъди хатми як чунин мактаби шахсии ҳунарпешагӣ дар Маскав, ин идеяро бо худ ба Тоҷикистон овардааст.

Сулаймон, ки дар Маскав дар чандин филму сериалҳо ҳам нақш офаридааст, мегӯяд, барои ҳунарманд ё актёр будан танҳо истеъдод кофӣ нест, балки омӯзишҳои махсуси ин соҳа зарур аст. Тафовути аслии ин академия аз муассисаҳои дигаре, ки ба омода кардани ҳунармандону овозхонони ҳирфаӣ машғуланд, дар он будааст, ки ин ҷо хоҳишмандон метавонанд дар як фосилаи кӯтоҳ малакаи ҳунармандӣ ва овозхониро аз худ кунанд.

“Мо, албатта, Донишкадаи санъат ва дигар мактабҳо дорем, аммо бачаҳое буданд, ки мехостанд дарси шахсии овозхонӣ бигиранд. Ё ба театрҳо рафта аз ҳунармандон хоҳиш мекарданд ба онҳо кумак кунанд. Ҳунармандон дар хориҷа барои офаридани як нақш 6-7 моҳ омодагӣ мебинанд. Бубинед, оҳангсоз ё шоир ҳар вақте илҳомаш омад, зуд барои худ сабт мекунад ё оҳанг эҷод мекунад, аммо ҳунарпеша нафарест, ки дар ҳамон соату дақиқае, ки дар пеши тамошобин ё навор ҳозир мешавад, бояд илҳом дошта бошад ва дар нақши қаҳрамони худ ворид шавад. Ин албатта кори мушкил, вале мумкин аст”,- мегӯяд Сулаймон Сафаров.

Давраҳои омӯзишӣ дар ин академия як солро дар бар мегирад ва арзиши таҳсил ҳам барои як моҳ аз 400 то 500 сомонӣ аст. Сулаймон Сафаров мегӯяд, Тоҷикистон ҳоло барои омода кардани филмҳои ҷолибу ҳирфаӣ шароит ва таҷҳизоти зарурӣ дорад, аммо ягона мушкили синамои тоҷик ба қавли ӯ, ин камбуди кадр ё муттахассис ва ҳунармандони нав бо идеяҳои ҷолиб аст. Сулаймон Сафаров афзуд, ​“баъзе филмҳоеро мебинам, воқеан идеяҳои хуб дорад, аммо азбакси малакаи актёрӣ заиф аст, майли то охири филм тамошо карданро намекунӣ. Барои роҳ надодан ба чунин иштибоҳҳо ва ба об напартофтани маблағҳои зиёд, ҳаракат бояд кард, ки кори ҳирфаӣ ва филми ҳирфаӣ таҳия кард."

Ин академия чеҳраҳои шинохтаеро ба мисли Қурбони Собир, Моҳпайкар Ёрова ва чанде дигарро ба кор ҷалб кардааст, ки ба муҳассилин дарси ҳунар ва мусиқӣ медиҳанд. Қурбони Собир, ҳунарманди маъруфи тоҷик дар ин академия аз маҳорати актёрӣ дарс медиҳад.

Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон дар таъсиси чунин мактаби замонавии ҳунармандӣ то андозае дер кард, дар ҳоле ки кишварҳои дигар даҳҳо чунин макотиби ҳунариро таъсис додаанд: ​“Ҳар нафаре, ки каме дар ин кишвар дар андешаи пешрафти фарҳанг аст, бояд аз ин кори ҷавонон хушаш омада бошад. Мо ба онҳо қабл аз ҳама намуна будан ва зебо сухан гуфтану, зебо фикр ронданро меомӯзем. Ва умед дорем, ки сафи бачаҳои ҳунарманде, ки имрӯз мисли боду ҳаво намерасанд, зиёд мешавад.”

Ҷонибек Муродов ҳам бо ин академияи нави ҳунарпешагӣ ва овозхонӣ ҳамкорӣ дорад ва барои онҳое, ки орзуи "ситора" шуданро доранд, аз таҷриба ва роҳҳои тайкардаи худ қисса мекунад. Ҷонибек дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксар чеҳраҳои маъруфи саҳнаҳои ҳунарӣ ва синамои ҷаҳон ҳам аз чунин мактабҳои хурди ҳунарпешагӣ баромадаанд. Вай изҳори умед кард, рӯзе ин академия беҳтарин ҳунармандонро ба ҷомеа муаррифӣ мекунад ва сатҳи санъату мусиқиро болотар мебарад.

Дар зимн, филмсозӣ ва нақшофарӣ дар синамои Тоҷикистон махсусан солҳои ахир дар байни ҷавонон муд шудааст. Ҷавонони касбу кори гуногун ҳоло талош мекунанд худро дар филмсозӣ бисанҷанд ва бо ҷалби ҳамсолони дигарашон филмҳои мухталифе таҳияву пешниҳоди тамошобин мекунанд.

Албатта, баҳову муносибати мутахассисон нисбат ба ин ҷавонон, ки ба ин ҷода таваҷҷуҳ доранду талош мекунанд, нек аст, аммо боз ҳам аксар тамошобинони тоҷик аз ин филмҳои худӣ дида, ҳоло ба филмҳои хориҷӣ, аз ҷумла филмҳои туркиву русӣ ва армикоиву ҳиндӣ бартарӣ медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG