Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимшӯхӣ ва нимҷиддиҳои иқтисодии Абдулло Ашӯров


Нимшӯхӣ ва нимҷиддиҳои иқтисодии Рӯзи ханда
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Дар Рӯзи 1-уми апрел, ки ҳамчун рӯзи ханда ва ҳазл шинохта шудааст, шореҳи иқтисодии Радиои Озодӣ, хабарҳои иқтисодиеро, ки орзу дорад, амалӣ шаванд, гирдиҳам овард.

Бонки миллии Тоҷикистон бо як фармони бесобиқаи хеш, фаъолияти 1581 нуқтаи сарофиро иҷозат дод. Таваррум Қурбов, як масъули Бонки миллии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, Бонки миллӣ ­­­сомонӣ - пули миллии ин кишварро дубора ба уқёнуси доллару евро ва рубл ба шинои озод фиристод. Ҳамакнун қурби сомониро дар бозори воқеӣ на кормандони Бонки милливу додситонӣ, балки худи бозор муйаян хоҳад кард.

Саррофон ин иқдоми Бонки миллиро бо хушӣ истиқбол гирифта эълон доштанд, ки дар рӯзи нахустини корашон ба ҳар як муштарӣ яктоӣ шоколадҳои истеҳсоли худӣ тақдим мекунанд. Чунки ширкатҳои бузурги истеҳсоли шоколад -- "Сникерс"-у "Марс" ва "Твикс"-у "Баунти" тайи соли охир коргоҳҳои азими хешро ба Тоҷикистон кӯч доданд.

Кӯчиши ширкатҳо ба Тоҷикистон дар пайи як иқдоми ҳукумат рух дод, ки мизони андозҳоро барои истеҳсолкунандагон ба маротиб поин бурд ва корхонаҳоеро, ки беш аз 1000 ҷойи корӣ таъсис медиҳанд, аз пардохти андоз барои се сол озод кард.

Бо амри дигари ҳукумат, шумораи идораҳои тафтишгар низ кам шуд. Ҳамакнун на нозири хадамоти беҳдошт ва на зидди сӯхтор ҳақ надоранд ба кори бизнес беҳуда дахолат кунанд. Баъди ба кор даромадани корхонаҳои азим, ҳаёти талху сангини садҳо муҳоҷирони кори собиқ ба истилоҳ ба “шоколад” табдил ёфтааст. Эҷод шудани ҳазорон ҷойи кори нав дар дохили кишвар ҳатто зарурати будани бархе аз идораҳои давлатиро аз байн бурдааст.

Мардумпараст Ғамхоров, вакили бахши молия ва идораи давлатии парлумон дар ҷаласаи охири маҷлис пешниҳод кард, ки сафи муҳоҷирони кории тоҷик, бино бар оморҳои охирин, аз 1000 нафар зиёд нест ва аз ин зарурате барои будани Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон боқӣ намондааст. Ин вакили мардумӣ дар маҷлис гуфт, беҳтар аст, ин ниҳод барҳам хӯрад ва пули аз ин ҳисоб сарфшудаи будҷа, барои боло бурдани маоши муаллимону духтурон ва нафақахӯрон равона шавад.

Дар ҳоле, ки вакилони парлумон дар мавриди зарурати будан ва ё набудани Хадамоти муҳоҷират баҳс мекарданд, ширкати "Бахти тоҷик" хабар дод, ки охирин чархаи нерӯгоҳи Роғун ба кор даромад ва зимистони имсол лимити барқ аз байн меравад.

Дар пайи хабари ба кор даромадани чархаи охирини ин неругоҳ, шӯрои саҳҳомони Роғун қарор кард, ки фоидаи аз кори ин нерӯгоҳ ба даст омада байни саҳомдорон тақсим карда шавад. Бо пахши ин хабар дар расонаҳо, сокинон ба тагорӯ кардани сандуқҳо пардохтанд, ки варақаҳои саҳмияи ба боди фаромушӣ рафтаи Роғун дар дохили он хобидаанд.

Хабари анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун натанҳо дар дохили сандуқҳо шӯреро ба по хезонд, балки бинои биржаи Гулободи Душанберо ба якборагӣ серодаму шулуғ кард. Қимати саҳмияҳои Роғун дар ин биржа то ҳаде гарон шуд, ки ҳамакнун муаллима Музтарова агар як саҳмияеро, ки директори мактаб зӯран ба ҷойи маошаш ба ӯ дода буд фурӯшад, метавонад аз маркази Душанбе манзили якҳуҷрагӣ бихарад.

Нимшӯхӣ ва нимҷиддиҳои иқтисодии Рӯзи ханда
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

XS
SM
MD
LG