Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон ба таҳияи нахустин силсилафилми тасвирӣ дар формати 3D шурӯъ кардаанд.

Мултфилмсозони тоҷик ба таҳияи аввалин силсилафилми тасвирӣ дар формати 3-буъдӣ (3D) шурӯъ карданд. Қарор аст то охири сол ду қисми он пешкаши тамошобинон гардад. Филми тасвирӣ "Тому Тамби ва рафиқони онҳо" ном дорад ва ба таъкиди муаллифон барои калонсолон низ шавқовар хоҳад буд .

Коргардон Алексей Румянтсев мегӯяд: “Ин филми тасвирии саргузаштӣ аст, ки ба воситаи он аслан мо мехоҳем, ки бо кӯдакон сӯҳбат кунем. Кӯдакон чиро дӯст медоранд? Албатта бозиро! Мо ҳам дар ин филм бо онҳо бозӣ мекунем. Ба воситаи ин саргузаштҳо корҳои хубро нақл мекунем. Дар мавриди дӯстиву хиёнат, дар масъалаи боварӣ ба худ, инчунин дар масъалаи дӯст доштани ватан низ ҳарф мезанем, ки зодгоҳи ҳар нафари мост ва мехоҳем, ки он ҳамеша зебо бошад.”

Алексей Румянтсев

Алексей Румянтсев

Рамазон Валиев навкор аст. Ӯ муддати ним сол мешавад, ки дар филмҳои тасвирӣ ба офаридани қаҳрамонҳои асосӣ фаъолият мекунад. Ба гуфтаи ӯ, барои тасвири як қаҳрамон барояш 20 дақиқа кофӣ аст. Ҳоло ӯ ба тасвири қаҳрамонҳои мултфилми "Тому Тамби ва рафиқони онҳо" машғул аст.

Рамазон Валиев мегӯяд: “Ин тасвире, ки ман ба он машғулам, яке аз қаҳрамонҳои ин филми тасвирӣ мебошад. Аввал мо қаҳрамонро дар варақ бо қалам мекашем. Баъд ба барномаи махсуси компютерӣ, ки "Зе браш" ном дорад, онро мефиристем. Баъд аз оне, ки тасвири қаҳрамонҳо ба анҷом расид, таҳиягарон ба офаридани наворҳои 3Д моделсозӣ машғул мешаванд. Ман ин барномаро "ҳаёт бахшидан" ном мебарам. Бачаҳо бо ин барнома ба истилоҳ қаҳрамонҳоро месозанд. Либосашро омода мекунанд, ҳар як имову ишораи ӯро... Баъд аз оне, ки қаҳрамон дар барномаи 3-буъдӣ омода шуд, мо ба вай скелет илова мекунем.”

Ин скелет ё технологияи махсус, ки барои "зинда" кардани образҳои мултфилм кор бурда мешавад, дар Тоҷикистон барои аввалин бор истифода мешавад. Дар студияи ҷудогона ҳунарманде, ки махсус барои иҷрои ҳаракат даъват шудааст, кор мекунад ва дастгоҳ ҳар як ҳаракати ӯро ба персонажи 3-буъдӣ мерасонад.

Коргардон Алексей Румянтсев мегӯяд, ки феълан онҳо дар марҳилаи анҷоми тасвири персонажҳо қарор доранд ва баъзе аз персонажҳоро ба навор мегиранд: "Агар инро ба ҳисоби фоиз гузаронем, фикр мекунам, ки 25 дарсади кори мо имрӯз ба анҷом ёфтааст.”

Коргардони филми тасвирӣ бовар дорад, ки ин силсилафилми тасвирӣ ҳисси ватандӯстии кӯдакон ва наврасони тоҷикро баланд хоҳад бурд: “Дар ҳоли ҳозир дар бозори ҷаҳонӣ барои кӯдакону наврасон филмҳои тасвирӣ ва бадеии зиёде офарида шудааст. Аммо қайд кардан зарур аст, ки бар баъзе мавридҳо дар ин филмҳо зӯроварӣ дида мешавад ё чизҳое илова мешаванд, ки бо фарҳанги мо мухолифат мекунад. Аз ин лиҳоз хостем, ки бо таҳияи як силсилафилми тасвирӣ, фарҳанги тоҷиконаро муаррифӣ созем.”

Дар сурати рӯи навор омадани филми тасвирии "Тому Тамби ва рафиқони онҳо" дар бозори аниматсияи тоҷик дуввумин филми тасвирӣ дар формати 3-буъдӣ пайдо хоҳад гашт. Нахустин маротиба филми тасвирии 3 буъдӣ соли 2014 аз сӯи як гурӯҳи эҷодии мустақил бо номи "Куҳистон" рӯи навор омада буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG