Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони САҲА: Хулосаамонро 7 ноябр эълон мекунем


Параскива Бадеску

Параскива Бадеску

Ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 2 октябр бо баргузории як нишасти кӯтоҳи хабарӣ, аз оғози фаъолияти худ дар Тоҷикистон дарак доданд.

Дар нахустин нишасти хабарии ҳайтаи нозирони дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рисолати нозирони ин созмон барои назорат ба раванди баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон матраҳ гардид.

Сафир Параскива Бадеску, сарвари ин ҳайъат, ҳадафи аслии фаъолияташонро назорати комили раванди интихобот ва мутобиқати он ба меъёрҳои байналмилалӣ унвон кард. Хонум Бадеску гуфт, нозирон дар мадди аввал ба равиши сабти номзадон ва раъйдиҳандагон аҳамият хоҳанд дод . Вай афзуд, «нозирон асосан қонунгузориҳои марбут ба интихобот ва иҷрои онҳо, мудирияти интихоботӣ ва сохторҳои дахлдори давлатӣ ва ҳамчунин ҳаллу фасли даъвоҳои интихоботиро баҳогузорӣ хоҳанд кард.»



Ҳамзамон Параскива Бадеску, мулоқот бо аҳзоби сиёсиву ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро яке аз дигар авлавиятҳои фаъолияти нозирон унвон кард. Хонум Бадеску афзуд, онҳо инъикоси ҷараёни интихобот тавассути васоити ахбори оммаро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод. Ӯ дар ин замина гуфт, «дар рӯзи интихобот нозирон кушодашавии нуқтаҳои интихоботӣ, ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби варақаҳои раъй ва ҷадвалҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаи интихоботро назорат мекунанд.»

Раҳбари ҳайти нозирон мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки ин гурӯҳ, рӯзи гузашта ба Тоҷикистон омадааст, фазои пешазинтихоботиро ҳанӯз қазоват карда наметавонад. Аммо ба гуфтаи ӯ, аввалин гузоришу натиҷаҳоро аз ҷараёни баргузории интихобот дар Тоҷикистон бо гузашти як рӯз аз ин маърака пешниҳод хоҳанд кард. Вале натиҷагирии куллӣ дар ин замина пас аз ду моҳи интихобот мунташир мешавад.

Хабарнигорон дар нишаст мавзӯъи ширкати муҳоҷирон ва ҷамъоварии имзоҳои онҳо ба тарфдорӣ аз номазадҳоро бардоштанд. Аммо Алексей Громов, намояндаи ҳайати нозирони САҲА гуфт, дар ин робита то кунун ягон меъёри байналмилалӣ дар бораи муҳоҷирон вуҷуд надорад ва тасмим дар дасти худи кишвар аст, ки чигуна қарореро қабул мекунад.


Ҷаноби Громов ҳамчунин гуфт, «дар қонунгузории Тоҷикистон ҳам ягон банде дар робита ба муҳоҷирон оварда нашудааст.Албатта, вобаста ба ин мавзӯъҳо, ки мо ҳам сару садоҳои зиёд мешунавем ва дар гузориши ниҳоии ҳайати нозирон муффасалтар дар ин бора гуфта хоҳад шуд.»

Ҳайъати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 1 октябр вориди Душанбе шуда ва бо раҳбарияти Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) дидору гуфтугӯ кардааст.

Ин ҳайат аз 16 нафар иборат буда, қарор аст, то рӯзи баргузории интихобот 150 нафари дигар ба хотири назорат ба интихобот ба Тоҷикистон оянд. Нозирони САҲА барои бори панҷум аст, ки дар интихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир ширкат мекунанд, вале то кунун ягон интихоботи Тоҷикистонро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи демократӣ эътироф накардаанд.

Гуфта мешавад, интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳудуди 700 нозири байналмилалӣ назорат хоҳад кард.

То кунун барои ширкат дар ин интихобот 7 номзад - Ойниҳол Бобоназарова аз Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҳизби наҳзати исломӣ, Исмоил Талбаков - аз ҳизби коммунист, Толиббек Бухориев - аз ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Исмонов - аз ҳизби демократ, Олим Бобоев - аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров - аз ҳизби сотсиалист ва раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон - аз Иттифоқи ҷавонон ва иттифоқҳои касаба пешбарӣ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG