Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии генерал Тағоймуродов бо 77 дарсади раъйи сокинон


Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати умури дохилии Хатлон ҳангоми раъйдиҳӣ

Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати умури дохилии Хатлон ҳангоми раъйдиҳӣ

Масъулони ҳавзаи интихоботии рақами 26 дар Қӯрғонтеппа эълон карданд, ки генерал Анвар Тағоймуродов бо дарёфти беш аз 77 дарсади раъйи сокинон барандаи интихобот дар ин ҳавза шудааст.

Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон, дар ҳавзаи интихоботии рақами 26-и Қӯрғонтеппа бо дарёфти 77,2 дарсади раъйи сокинон барандаи интихобот шудааст. Амон Шаймонов -- раиси ҳавзаи интихоботии рақами 26 дар Қӯрғонтеппа гуфт, Ҷонона Холбобоева, номзад аз Ҳизби кишоварзӣ ва Саидҷаъфар Тӯрдиев, ки аз роҳи худпешбарӣ дар корзори интихобот сабқат мекарданд, раъйи камтар ба даст овардаанд.

Ҳамин тавр, агарчӣ натиҷаҳои аввали интихоботи парлумонӣ аз сӯи Кумисюни марказии интихобот эълон нашудааст, аммо баъзе аз номзадҳои худпешбар ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ бо дарёфти ҳисобҳо пирӯзӣ ё шикасти худро эълон мекунанд.

Бахтовар Сафарови 31-сола, номзади Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи 23-и ноҳияи Вахш низ мегӯяд, дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шудааст. Ба қавли Неъмат Зардиев, раиси ҳавзаи интихоботии 32 дар Вахш, пирӯзии Бахтовар бо 89,3 дарсади раъйи сокинон таъмин гардидааст. Ҷаноби Зардиев гуфт, рақибони Бахтовар Сафаров - Қурбон Ширинов, узви ҲХДТ, ки аз роҳи худпешбарӣ вориди корзори интихобот шуда буд, 5,4 ва Қиёмиддин Авазов, номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 4,5 дарсади раъйро ба даст овардаанд.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саъидҷаъфар Исмонов мегӯяд, дар ҳавзаи якмандатии рақами 34-и Фархор аз ҳамаи рақибонаш раъйи бештар касб кардааст. Ӯ ки субҳи рӯзи 2-юми март ба Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки аз комиссияи ҳавзавӣ хабар доданд, ки ӯ аз

Саидыаъфар Исмонов

Саидыаъфар Исмонов

маҷмӯи 85 дарсади орои мардум, 77,5 дарсадро ба худ ихтисос додааст. Ба гуфтаи вай, ҳарифаш Зайниддин Юсуфов аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 2,07 дарсад ва ҳарифи дигараш Кабутов 4 фоиз раъйи интихобкунандагонро ба даст овардаанд.

Аммо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон то ин лаҳзаҳо аз ироаи ҳаргуна маълумот оид ба натоиҷи интихобот худдорӣ мекунад ва қарор аст, соати 10-и рӯзи душанбеи 2-март зимни нишасти хабарӣ, натоиҷи ниҳоиро эълон намояд.

Иддаои Саидҷаъфар Исмонов дар мавриди пирӯзиаш дар интихоботи парлумонӣ дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл намояндаи Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон Сафаралӣ Шарипов номзадии худро дар ин ҳавза пас гирифта буд ва шонси пирӯзиро барои Саидҷаъфар Исмонов бештар кард. Ҳизби демократи Тоҷикистон то кунун дар парлумони кишвар намоянда надорад ва дар сурати таъйди пирӯзии Саидҷаъфар Исмонов аз сӯи КМИР, барои аввалин бор ҲДТ ба парлумон роҳ меёбад.

Саидҷаъфар Исмонов соли 1960 дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Замони ҷанги шаҳрвандӣ ширкати истеҳсолии дорувории «Хатлон»-ро дар ноҳияи Ховалинг ташкил дод.

Баъди ҷанг ба Душанбе омад ва дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ - Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоҳи аграрӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт.
Соли 2005 ба таъсиси ҳизби ҷавонони прогрессиви Тоҷикистон азм кард, вале сабти ном карда натавонист. Саъидҷаъфар Исмонов соли 2006 ба ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси ҳизб интихоб шуд.

ШЕРЗАМОНОВ ЭЪТИРОФ КАРД, КИ ШИКАСТ ХӮРД

Алим Шерзамонов – раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон ва номзад аз ҳавзаи якмандатии Хоруғ-41 мегӯяд, ки ҳарифаш Акрамшо Фелалиев аз ҲХДТ аз ӯ раъйи бештар ба даст овардааст.

Алим Шерзамонов, раиси бахши бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз шикасташ дар ҳавзаи Хоруғ-41 хабар дод. Вай гуфт, ки аз ҳавзаи интихоботӣ ба ӯ иттилоъ додаанд, ки номзади Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев аз ӯ раъйи бештар ба даст овардааст.

Ба гуфтаи Шерзамонов, шумориши варақаҳои раъй идома дорад, вале натиҷа ин аст, ки вай шикаст хӯрдааст. Алим Шерзамонов дар интихоботи Маҷлиси намояндагон на аз феҳристи ҳизбӣ, балки аз роҳи худпешбарӣ вориди корзорӣ интихоботӣ шуда буд. Исми ӯ аз феҳристи

Алим Шерзамонов, раиси бахши бадахшонии ҲСТД.

Алим Шерзамонов, раиси бахши бадахшонии ҲСТД.

номзадҳои пешниҳодии ҲСДТ тариқи ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ба далели пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳояш лағв гардида буд. Алим Шерзамонов соли 1964 таваллуд шуда, аз соли 2006 ба ин ҷониб раҳбари дафтари ҲСДТ дар Бадахшон аст.

Акрамшо Фелалиев -рақиби Алим Шерзамонов дар парлумони қаблӣ раиси фраксияи ҳизби хокими халқӣ-демократии Тоҷикистон буд. Ӯ 8-уми июни соли 1958 дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, факултети биологияи Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст, номзади илмҳои биология, доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вай вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати сеюм, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ (2005 - 2010), узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, узви Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон, низ будааст.

ШОКИРҶОН МЕГӮЯД, КИ 10% РАЪЙ ОВАРД

Тибқи натоиҷи муқаддамотӣ, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ва номзад аз ҳавзаи якмандатии Конибодом, даҳ дарсади орои мардумро ба даст овардааст. Рақиби ӯ аз ҲХДТ 68% орои интихобкунандагонро соҳиб шудааст. Шокирҷон Ҳакимов субҳи 2 март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳавзаи интихоботии Конибодом-19 тибқи маълумоти муқаддамотӣ 10 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст ва рақибаш аз ҲХДТ Равшан Раҷабов -- собиқ раҳбари

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ.

Академияи пулиси Вазорати умури дохилӣ 68 фоиз ва Дилбар Сулаймонова -- роҳбари театри мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи Конибодом 2 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардаанд.

Шокирҷон Ҳакимов гуфт, ки шаби гузашта аз комиссияи ҳавзавӣ маълумоти муқаддимотиро дарёфт кардааст, ки тибқи он, 10 дарсади интихобкунандагон ба ҷонибдории ӯ раъй додаанд. Вай гуфт, то соати 9-и субҳи имрӯз боз варақаҳо баршумурда мешавад ва натиҷаи ниҳоӣ маълум хоҳад шуд.

Дар интихоботи гузаштаи Маҷлиси намояндагони соли 2010 Шокирҷон Ҳакимов дар ҳамин ҳавза бо Насрулло Маҳмудов, намояндаи ҲХДТ ва додситони шаҳри Кӯлоб вориди корзори интихоботӣ шуда буд. Аз рӯи маълумоти комиссияи ҳавзаи инфиродии Конибодом, Насрулло Маҳмудов 36 дарсад ва Шокирҷон Ҳакимов 31 дарсади овозҳоро ба даст оварда буданд. Дар вилояти Суғд танҳо дар Конибодом номзадҳои интихоботи парлумонӣ ҳадди 50 дарсади овозҳоро убур накарда, ба даври дуюми интихобот раҳ ёфтанд. Шокирҷон Ҳакимов дар даври дуввум шикаст хӯрда буд.

Нахустин натоиҷи интихобот. Дар Чин ХҲДТ 64% раъй овард

Сафорати Тоҷикистон дар Пекин мегӯяд, беш аз 64 дарсади раъйдиҳандагони тоҷик муқими Чин, ба тарафдории Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон раъй додаанд.

Нахустин натоиҷи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар бархе аз ҳавзаҳо эълон шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Чин мегӯяд, ки беш аз 64 дарсади тоҷикони ширкаткунанда дар раъйдиҳӣ, ба тарафдории Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон раъй додаанд.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Чин, аз маҷмӯи 120 нафар воҷидини шароити раъй, ки сабти ном шуда буданд, 114 нафари онҳо дар раъйдиҳӣ ширкат карданд ва 64 дарсад ба тарафдории ҳизби хокими халқӣ-демократӣ ва 17 дарсади дигар ба Ҳизби демократи Тоҷикистон раъй доданд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Чин ҳамагӣ 9 дарсад раъй ба даст овардааст ва ҲКТ ҳам 5 дарсади раъйи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чинро соҳиб шудааст. Ҳизби аграрии Тоҷикистон 0,9 раъй касб кардааст ва ҳамин тариқ 4 дарсади интихобкунандагони тоҷик дар Чин, бар зидди ҳамаи аҳзоб раъй додаанд. Аҳзоби сотсиал-демократ, сотсиалистӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ миёни раъйдиҳандагони тоҷик дар Чин, ҳеҷ раъй ба даст наовардаанд.

Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар раъйдиҳӣ ширкат карданд, донишҷӯён ва оилаҳои онҳо мебошанд, ки дар Чин таҳсил мекунанд.

Раванди раъйдиҳӣ дар дигар сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар низ баргузор шуд, вале то кунун натоиҷи он эълон нашудааст. Қарор аст натоиҷи раъйи мардум имшаб то субҳ аз ҳама участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ дар дохил ва хориҷ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристода шавад ва ин ниҳоди баргузоркунандаи интихобот натоиҷи ниҳоиро фардо эълон намояд.

Соати 20:00 ба вақти Душанбе раванди раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон ба поён расид ва ҳоло шумориши оро идома дорад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки натиҷаи ниҳоии интихоботро соати 10-и фардо, душанбеи 2-юми март, эълон хоҳад кард.​ Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ширкати мардум дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе дар маҷмӯъ беш аз 82 дарсадро ташкил додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG