Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ному насаби 15 қурбонии офатҳои табиӣ дар ҷануби Тоҷикистон


Офатҳои табиии рӯзҳои 12-13-уми апрел дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 15 кушта бар ҷой гузошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, 13 нафар дар ноҳияи Шӯрообод, як нафар дар Ҳамадонӣ ва як нафари дигар дар ноҳияи Восеъ ба ҳалокат расидаанд.

Исми сездаҳ нафари ҳалокшуда дар пайи лағжиши кӯҳпора аз се хонавода дар деҳаи Одинабойии ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба ин тартиб аст:

Аз хонаводаи Исмоилов Нурмуҳаммад:

ҳамсараш Мустафоқулова Холисамоҳ, соли таваллудаш 1956,
духтараш Исмоилова Ҳофизамоҳ, соли таваллудаш 1980,
келинаш Афғонова Маҳтовбӣ, соли тавалудаш 1987,
наберааш Меҳрубони Муҳиддин, соли тавалудаш 2004,
наберааш Гулбарги Тоҷиддин, соли тавалудаш 2005,
наберааш Исмоилова Таманно, соли таваллудаш 2013.

Аз оилаи Носиров Қурбон:

ҳамсараш Носирова Марворид, соли тавалудаш 1947,
писараш Носиров Хусравшо, соли тавалудаш 1983,
келинаш Орзуева Лола, соли тавалудаш 1983,
наберааш Бахтиёри Сафаралӣ, соли тавалудаш 2009, н
аберааш Носирова Шукрона, соли тавалудаш 2013.

Аз оилаи Азиев Самад:

писараш Сайёд Самад, соли тавалудаш 2009,
писараш Бунёди Самад, соли тавалудаш 2005.

Ҳамчунин, дар деҳаи Бӯзахонаи ноҳияи Ҳамадонӣ Эшмуродов Некрӯз, соли таваллудаш 1999 ва дар деҳаи Тутгараки ноҳияи Восеъ Муродова Муҳаррама, соли тавалудаш 2008 зери девор монда, ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин, дар пайи ин офат беш аз 200 сар моли майда ва калони шохдори сокинон низ дар ҷамоати Зарбдори Кӯлоб талаф ёфтааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ба зарардидагон дар ноҳияи Шӯрообод 60 хайма ва дар маҷмӯъ ба тамоми зарардидагон маводи зарурии рӯзгор ирсол шудааст.

Барои кӯмак ба зарардидагон 22 нафар сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба маҳалли ҳодиса ба Шӯрообод фиристода шудаанд. Ин аксҳоро хабарнигори маҳаллӣ Маҳмудҷон Раҳматов рӯзи 13 апрел дар рустои Одинабойӣ, ки дар офатҳои охир 13 қурбонӣ дод, бардоштааст:

Бар асари боришоти шадиди шаби 12 ба 13 апрел ва лағжидани теппа дар рустои Одинабойи ноҳияи Шӯрообод панҷ хона зери хок монд ва дар натиҷа 13 нафар, ки 7 тани онҳо кӯдакон буданд, ба ҳалокат расиданд. Ин аксҳоро ҳам аз рустои Одинабойӣ хабарнигори маҳаллӣ Маҳмудҷон Раҳматов барои Радиои Озодӣ фиристодааст:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG