Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми 10 июн дар маркази Маскав пулис ҳангоми таъқиби як гурӯҳи гумонбар ба ғоратгарӣ тир кушодааст. Боздоштшудаҳо шаҳрвандони Гурҷистон, Молдова ва Тоҷикистон будаанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар пулиси шаҳри Маскав гуфт, яке аз боздоштшудаҳо дар ҷараёни амалиёти вижаи шоми 10 июн дар ҳақиқат шаҳрванди Тоҷикистон аст ва маҳз Ҳайдаров ҳангоми боздошт аз дасти росташ тир хӯрдааст. Ба гуфтаи ӯ, Ҳайдаров З.С., соли таваллудаш 1986, дар кӯчаи Кирови шаҳри Душанбе сабти ном шудааст. Ӯ афзуд, ҷароҳати Ҳайдаров сабук буд ва ба ӯ дар ҷои ҳодиса ёрии тиббӣ расонда шуд. Ҳамроҳ бо ӯ, Горепякин С.Г., соли таваллудаш 1978 ва Акуҷба В.В., соли таваллудаш 1982, ки ҳарду расман дар Маскав сабти ном шудаанд, бар асоси моддаи 91-уми Кодекси мурофиавиву ҷиноии Русия дастгир шудаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, нирӯҳои вижаи пулиси Маскав рӯзи 10 июн, соати 14-50 дар маҳаллаи Даниловский вал, 13А як мошини "Мерседес GL", рақами давлатиаш О 772 МВ 777 РУС-ро, ки бовар мерафт, дар дохилаш афроди таҳти ҷустуҷӯи мақомоти Русия қарор доштанд, манъ карданд. Аммо ронанда ба ду мошини “Форд Торнео” ва “Форд Транзит Комби”-и пулис бархӯрд карда, фирор кард. Маъмурони пулис, ба гуфтаи ӯ, барои пешгирӣ аз фирори ин афрод аз силоҳ – туфангчаҳои “Глок-17”, “СР-1М” ва “Яригин” ва аз пистолет-пулемёти “СР-2М” истифода карданд. Сарнишинони мошини “Мерседес”, ба гуфтаи манбаи Озодӣ, соати 15-00 дар кӯчаи Дубининская, 71 дастгир шуданд.

Манбаи Озодӣ гуфт, дар ҷараёни амалиёт танҳо Ҳайдаров захмӣ шудааст, вале ҳангоми таъқиб 6 мошин, аз ҷумла ду мошини “Шкода”, як “Рено”, як “БМВ 535”, як “Мазда-3” ва як “Ҳонда Аккорд” ва ҳамчунин як мотосикли тамғаи “КТМ-690” осеб дидаанд. Ӯ афзуд, ҳарсе боздоштшуда ба боздорштгоҳи шӯъбаи пулиси минтақаи Голяновои шаҳри Маскав интиқол дода шудаанд. Ин манбаъ гуфт, ин се нафарро маҳз бар асоси парвандае, ки додситонии Голяново рӯзи 19 майи соли ҷорӣ бар асоси банди “б”-и қисми 3-юми моддаи 161-уми Кодекси ҷиноии Русия (ғоратгарӣ ба маблағи бузург) кушодааст, таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия ҳамчун ҷазо аз 6 то 12 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то 1 миллион рублро пешбинӣ мекунад.

Мутбуоти Русия аз қавли манобеаш мегӯяд, аъзои ин гурӯҳ тайи якуним соли фаъолияти ҷиноӣ аз мошинҳои инкассаторӣ 400 миллион рубл, муодили 8 миллион долларро ба яғмо бурдаанд.

Пулиси пойтахти Русия қаблан иттилоъ дод, ки шоми 10 июн дар пайи як амалиёти вижа як гурӯҳи ҷиноиро дастгир кардаанд, ки аъзои он ба даст доштан дар дастикам 20 ҳамла ба мошинҳои инкассаторҳо дар якуним соли охир айбдор мешаванд. Ин амалиёт дар Маскав маҳалли атрофи вокзали роҳи оҳани Павелетский сурат гирифтааст.

Пулис мегӯяд, ҷинояткорон ҳангоми боздошт муқовимат нишон доданд ва дар натиҷа пулис маҷбур ба истифодаи силоҳ шудааст. Як нафар аз ин гурӯҳ, ки ҳангоми боздошт муқовимати аз ҳама бештар нишон додааст, тир хӯрдааст. Вале мақомоти пулис мегӯянд, ки захми ӯ сабук аст ва хатаре ба ҳаёташ надорад.

Манобеи расонаҳои Русия дар мақомоти интизомӣ мегӯянд, ҳамаи аъзои ин гурӯҳро дастгир кардаанд ва маълум шуда, ки онҳо зодагони Молдова, Гурҷистон ва Тоҷикистон мебошанд. Аммо дафтари матбуоти раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав рӯзи 11 июн дар як посухи хаттӣ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ навишт, ки "мо миллият ва шаҳрвандии боздоштшудаҳоро шарҳ намедиҳем."

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ низ гуфт, сафорат ҳанӯз аз сӯи мақомоти Русия дар бораи боздошти як шаҳрванд ё зодаи Тоҷикистон дар ин қазияи пурсарусадои иттилои расмие дарёфт накардааст, вале намояндагони консулгарӣ аллакай бо пулиси Маскав дар иртибот шудаанд ва қазияро пайгирӣ мекунанд: “Мо ҳанӯз тасдиқ карда наметавонем, ки яке аз нафарони боздоштшуда шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст ё на, зеро аз ҷониби Русия маълумоти расмие то ҳол нагирифтаем. Албатта, ба сабаби онки шумори зиёде аз кишварҳои дигар барои кору зиндагӣ ба Русия меоянд, хоҳ-нохоҳ аз эҳтимол дур нест, ки дар байни онҳо унсурҳои ҷиноӣ ҳам бошанд. Аммо сафорат танҳо баъди маълум шудани ҳувияти боздоштшудаҳо метавонад рӯи ин мавзӯъ бештар сӯҳбат кунад.”

Аз мошини “ҷип”-и сиёҳи навъи “Мерседес”, ки боздоштшудаҳо савори он буданд ва тавре баъдан маълум шуд, он ҳам дуздӣ будааст, ду туфангчаи тақвиятшудаи травматикӣ, чанд корд, ниқобҳо, парик ва як путку чанд болға ёфт ва мусодира шудааст.

Пулис мегӯяд, онҳо ин ҳамаро ҳангоми ҳамлаҳо ба мошинҳои инкассаторӣ ба кор мебурданд ва аз ҷумла путку болғаҳо барои шикастани шишаҳои тирногузари мошинҳои инкассаторӣ истифода мешуд.

Андрей Галиакберов, раҳбари маркази матбуоти пулиси Маскав гуфтааст, раиси пулиси пойтахти Русия Анатолий Якунин ваъда додааст, ки афсарони ширкаткарда дар хунсо кардани ин “бандаи хеле хатарнок”-ро ба ҷоизаҳо сарафроз хоҳад гардонд.

Дар шабакаи Интернет навори видеоии яке аз лаҳзаҳои асосии таъқиби аъзои ин гурӯҳ нашр шудааст. Ин навор зоҳиран аз як камераи назоратии насбшуда дар он кӯча гирифта шудааст.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG