Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хисороти ворида бар асари сӯхтор дар бозори ноҳияи Ёвонро 48 ҳазору 200 сомонӣ ё ҳудуди 8 ҳазор доллар ҳисоб карданд.

Комиссияи вижа хисороти воридаи сӯхтор дар бозории марказии ноҳияи Ёвонро 48 ҳазору 200 сомонӣ арзёбӣ кард.

Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 20 июл гуфтанд, ки "санаи 19 июл дар мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонии марди 31-солаи сокини ноҳияи Ёвон, соҳибкор, дар масоҳати 400 метри мураббаъ сӯхтор ба вуқӯъ пайваст, ки зарари расонидашуда маблағи 45 ҳазор сомониро ташкил додааст. Инчунин алангаи оташ ба мағозаи соҳибкори дигар, марди 52-солаи сокини ҳамин ноҳия гузашта, масоҳати 120 метри мураббаъро дар бар гирифта ва зарари расонидашуда маблағи 3 ҳазору 2000 сомониро ташкил додааст.”

Зимнан, мақомот дар ноҳияи Ёвон гӯфтанд, ки дар пайи оташсӯзии нимарӯзи 19 июл дар бозори марказии ин ноҳия, чанд дӯкон сӯхта ва бахши аъзами фурӯшгоҳҳо осеб дидаанд. Эмомалӣ Алимардонов, сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ноҳияи Ёвон рӯзи 20 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки оташсӯзӣ соатҳои тақрибан дуи баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе иттифоқ афтодааст. Ба гуфтаи вай, иллати ин оташсӯзӣ расиши ноқилҳои барқ буда ва бар асари он ду дӯкони бузурги фурӯши молҳои рӯзгор аз байн рафтааст. Вай гуфт, ки забонаи оташ ба маводҳое, ки зуд оташ мегиранд, ба мисли атсетон расида ва доманаи он ба атроф паҳн шудааст.

Аммо шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар ин оташсӯзӣ чандин дӯконҳо аз байн рафтаанд. Алиҷон Раҷабов, яке аз фурӯшандаҳои ин бозор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар растаи дӯконҳои фурӯши маводи рӯзгор ҳашт мағоза оташ гирифт ва комилан корношоям шуданд. Ба гуфтаи вай, агар мошинҳои оташнишонӣ зуд намерасиданд, забонаи оташ васеътар шуда ва имкони хисороти бештар вуҷуд дошт.

Ҳукумати ноҳияи Ёвон дар ҳоли ҳозир барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор ва муайян намудани ҳаҷми хисороти ворида, як комиссия таъсис дода шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳудуди 200 нафар дар ин бозор ба соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG